Истиқболи самимӣ аз «МегаФон»

Хабари хуб 15.06.2013 13:25

hot receptionМуштариёни ширкат дар Русия метавонанд ҳамагӣ бо арзиши 1 рубл барои як дақиқа зангҳои содиротиро дар дохили шабака ба муштариёни дар Тоҷикистон истиқомат кунанда анҷом бидиҳанд.

Ширкати «МегаФон» дар Русия ба мусофирони Тоҷикистон пайвастшавиро ба нархномаи «Истиқболи самимӣ» пешниҳод менамояд. Мувофиқи шартҳои нархномаи мазкур муштариёни оператор метавонанд зангҳои содиротиро ба рақамҳои «МегаФон Тоҷикистон» ҳамагӣ бо арзиши 1 рубл барои 1 дақиқа анҷом диҳанд. Арзиши имтиёзнок аз дақиқаи 2 то дақиқаи 20-уми сӯҳбат амал мекунад.

«Дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия 350 000 – 400 000 нафар сафар мекунанд. Мо хуб дар кмекунем, ки дар баробари сафари худ онҳо ҳамчунин мехоҳанд алоқаро бо наздикони худ нигоҳ доранд. «МегаФон» ба онҳо чунин имкониятро фароҳам меорад. Нархномаи «Истиқболи самимӣ» ба муштариёни дар Тоҷикистон иқоматкунанда ва истифодабарандагони алоқаи мобилии «МегаФон» дар Русия имкон медиҳад, ки бенигаронӣ оид ба гаронии арзиши даъватҳо сӯҳбатҳоро анҷом бидиҳанд», - мегӯяд директории тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Дмитрий Семёнов.

Маълумоти муфассалро оид ба хизматрасонӣ метавонед дар қисмати иқдомҳои сомонаи www.megafon.tj ба даст оред.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97