Кумаки низомии Ҳинд ба Тоҷикистон

Хабари хуб 12.06.2013 22:49

Hid baБа гузориши расонаҳои Ҳинд, ин кишвар дар тарадуди он аст,ки  ба Тоҷикистон чархболҳои низомӣ эҳдо карда ва ин ҷо як бемористони низомӣ  низ ифтитоҳ кунад.

Аз ҷумла Ожонси иттилоотии "PTI"-и Ҳинд навиштааст, бемористони дорои 50 кат, ки бо сармояи ин кишвар дар Тоҷикистон бунёд шуда, ба ҳангоми дидори қарибулвуқуъи вазири дифоъи Ҳинд аз Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ин манбаъ  гуфтааст, ки ин мавзуъ дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳинд дар моҳи августи соли гузашта баррасӣ шуда буд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, ки Ҳинд соли гузашта як чархболи борбари низомии "Ми-8" ва 6 мошини оташнишонӣ ва борбарро ба артиши Тоҷикистон тақдим кард, ки ҳазинаи ин кумакҳо 5,5 миллион доллар будааст. Ҳамчунин Маҳмадалиев афзуда, ки феҳристи кумакҳои низомии Ҳинд ба низомиёни Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пас аз эъломи барномаи дидори расмии вазири дифоъи Ҳинд аз Тоҷикистон, мушаххас хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, миёни ҳар ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои низомию фаннӣ, ироъаи кумакҳои фаннӣ ба артиши Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои низомӣ ва табодули иттилоот дар самти мубориза бо терроризм асноди ҳуқуқӣ имзо шудааст.

Ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳинд аз соли 2002 шуруъ шудааст ва дар он сол Ҳинд дар чорчӯби ин ҳамкориҳо барои бозсозии фурӯдгоҳи Айнӣ аҳд кард. Мутахассисони Ҳинду Тоҷикистон бо сармояи 22 миллион доллари Ҳинд ин фурӯдгоҳи низомиро бозсозӣ ва бо таҷҳизоти  нав муҷаҳҳаз карданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97