Дар Анҷумани дуввуми мубориза бо фасоди Авруосиё дар Белорус гуфта шуда, ки унсури калидӣ дар мубориза бо фасод, назорат бар мутобиқати мизони масрафи пули мақомоти давлатӣ бо даромадашон будааст.
Ин нишаст, ки зери унвони "Механизмҳои мубориза бо фасод, стандартҳои байналмилалӣ ва ҳалли миллии он" баргузор шуд, масъулони ниҳодҳои мубориза бо фасоди кишварҳои мустақили ҳамсудро гирди ҳам овард. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ дар ин нишаст ширкат варзид.
Тибқи иттилоъи "Парламентская газета"-и Русия, Сергей Наришкин, раиси Думаи он кишвар дар ифтитоҳи ҳамоиш гуфтааст: "Қонун дар бораи мутобиқати мизони масраф аз сӯйи мақомоти давлатӣ бо даромади онҳо, унсури аслӣ дар мубориза бо фасод дар шароити имрӯз аст."
Вай дар ин замина бар зарурати назорати намояндагони мардумӣ ба мизони даромади мақомоти давлатӣ ва мизони харҷи онҳо таъкид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон "Қонун дар бораи мутобиқати мизони масраф аз сӯйи мақомоти давлатӣ бо даромади онҳо" вуҷуд надоштааст.
Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ин Анҷумани дуввуми мубориза бо фасоди Авруосиё дар бораи беҳсозии механизмҳои қонунӣ ва молии мубориза бо фасод дар Кишварҳои Мустақили Ҳамсуд суханронӣ кардааст.
Дар ин ҳамоиш коршиносони мубориза бо фасод аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Кишварҳои Мустақили Ҳамсуд, Олмон, Амрико ва Фаронса ширкат доштанд.
Таъкид ба мубориза бо фасод ва таҳти назорат гирифтани мизони даромад ва ҳазинаи масрафи мақомоти давлатӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон таҳти назорат гирифтани ҳазинаи даромад ва масрафи мақомоти давлатӣ мушкил аст.
Зеро гуфта мешавад, ки аксаран мақомоти давлатӣ дороиҳои хешро ба номи худ сабт намекунанд ва раиси Ожонси мубориза бо фасод низ дар нишасти охирини ин ниҳод зимни посух ба суоли хабарнигорон ба ин нукта ишора кард.