Додситонии низомии вилояти Бадахшон ду марзбон дар ноҳияи Дарвозро дар марги Парвиз Вазирбеков, як ноболиғи ин ноҳия муттаҳам карда, ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.
Маҳмадалӣ Бобоев, додситони низомии вилояти Бадахшон мегӯяд, тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ, Баҳриддин Пирматов ва Иззатҷон Ашӯрматов, ду сарбози воҳиди марзбонии ноҳияи Дарвоз дар сӯйиқасд ба содир кардани ҷиноят, сирқат ва истифодаи нодуруст аз мошинҳо ва нақзи муқаррароти ойинномаи хидматӣ муттаҳам шудаанд.
Додситони низомии вилояти Бадахшон ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ниҳоди онҳо дар ҳоли ҳозир машғули таҳқиқоти ин ҳодиса ҳастанд: "Ин тафтишоти пешакӣ аст ва мо ҳоло ин ду сарбозро чун гумонбар ба ҳабс гирифтем. Онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ ҳастанд."
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки таҳқиқи пизишки қонунии ҷасади ноболиғ мушаххас кардааст, ки Парвиз Вазирбеков бар асари заҳролудшавӣ аз маводди сӯхтӣ ҷони худро аз даст дода ва пизишкон дар бадани ӯ нишонаҳои марги иҷбориро пайдо накардаанд.
Маҳмадалӣ Бобоев ҳамчунин гуфтааст, ки таҳқиқоти бозрасони ин ниҳод он будааст, ки Парвизи 14-сола, ба манзури дӯздидани маводди сӯхт ба қисми марзбонон даромадааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, яке аз дӯстони Парвиз гуфтааст, ки Парвиз ба ӯ фармуда бошад, то барояш конестри 20 литра барои маводди сӯхт ва калиди махсус барои кушодани сарпӯши маҳзани маводди сӯхт дар қисми низомӣ биёрад.
Аммо Вазирбек Назриев, падари Парвиз ин иддаъоро рад карда ва мегӯяд писараш бо даъвати яке аз сарбозони марзбон ба он қисми низомӣ рафтааст. Ӯ аз ин сарбоз Баҳрулло ном бурда ва дар марги фарзандаш марзбононро муқассир медонад.
Падари Парвиз мегӯяд, ки фарзанди 14 солаи ӯ рӯзи якуми майи соли равон ба қисми марзбонии ноҳияи Дарвоз рафт ва дигар ба манзил бознагашт. Ҷасади Парвиз Вазирбеков пас аз бист рӯз аз рӯдхона пайдо шуд.