Бузургтарин комёбии ҳукумати Тоҷикистон дар 20 соли охир дар муқобили бартари-талабии Узбакистон.
Маросими ифтитоҳи сохтмони хати қатори Туркманистон- Афғонистон- Тоҷикистон дар вилояти Чорҷӯйи Туркманистон рӯзи 5-уми июн доир шуд.
Хабаргузории давлатии Туркманистон иттилоъ медиҳад, ки дар маросими оғоз бахшидан ба сохтмони роҳи оҳане, ки дар оянда як роҳи муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ хоҳад шуд, президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон Ҳомид Карзай ва Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат намуданд.
Роҳбарони се кишвар ба паёме барои ояндагон имзо гузошта, онро дохили лӯла намуда ва нахустин лойи ин сохтмонро рехтанд ва бо ҳамин ба сохтмони ин роҳ оғоз бахшиданд,- навиштааст хабаргузории расмии Туркманистон.
Гуфта мешавад, ифтитоҳи ин хати қатор ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҳамгироии мардумони минтақа мусоидат хоҳад намуд.
Амалӣ шудани ин хати роҳи оҳан бештар барои Тоҷикистон ва Афғонистон дорои аҳамият мебошад. Зеро ин ду кишвар ба баҳр роҳ надоранд ва танҳо аз тариқи Узбакистон бо хати қатор ба хориҷ аз кишвар васл мебошанд.
Иҷроӣ шудани ин барнома ба сурати куллӣ Тоҷикистонро аз бунбасти иртиботӣ берун хоҳад кард. Тоҷикистон ҳамеша дар талош буд, ки бо ёфтани роҳи алтернативӣ вобастагии худро аз кишвари ҳамсояи Узбакистон рафъ кунад. Зеро Узбакистон ҳамеша аз роҳи оҳан дар муқобили Тоҷикистон истифода намудааст. Аз соли 2010 ба ин сӯ борҳо садҳо вагони Тоҷикистон иҷозаи убур аз тариқи Узбакистонро наёфтанд ва дар як соли пеш Узбакистон қитъаи роҳи оҳанро, ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро ба хориҷ аз кишвар васл мекард, ба куллӣ тахриб намуд. Аз бастани хати роҳи оҳан тавассути Узбакистон то кунун зиёни ҳангуфте ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шудааст.
Кушодани хати роҳи оҳани Туркманистон- Афғонистон -Тоҷикистон дар сурати амалӣ шудани он, яке аз бузургтарин дастоварди ҳукумати Тоҷикистон дар бист соли охир хоҳад буд.