Ойниҳол Бобоназарова, як фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард то ба қазияи Равшан Собиров, раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон таваҷҷуҳ кунад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва раиси бунёди «Перспектива+» дар пайи эъломи гуруснанишинии модари 80 солаи Равшан Собиров, раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ ва вазири собиқи рушди иҷтимоии Қирғизистон гуфт, ки бояд ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус вазорати корҳои хориҷии кишварамон вориди ин қазия бишаванд. Зеро Равшан Собирови тоҷиктабор агарчӣ шаҳрванди Қирғизистон аст, дар зимн раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон низ ҳаст, ки бевосита аз ҳуқуқи тоҷикони муҳоҷир дар ин кишвар ҳимоят мекард.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки дар дунё пазируфта шудааст, ки кишварҳо барои дар доираи қонун ҳимоят шудани ҳуқуқи ҳамтаборон ва шаҳрвандони гунаҳкори худ дар кули дунё талош мекунанд. Ӯ мисол мезанад, ки қазияи Бут, ки бо қочоқи аслиҳа муттаҳам аст, ҳамеша дар сархати ахбори расонаҳои Русия ва таваҷҷуҳи давлатмардони Кремл қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова Равшан Собиров аз нақзи ҳуқуқаш дар додгоҳ ҳамеша эътироз карда ва ҳукуми додгоҳро ноодилона хондааст ва ҳатто додгоҳе дар Қирғизистон ӯро бегуноҳ ба исбот расонида буд.
Ойниҳол Бобоназарова аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба қазияи Равшан Собиров таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва дар ин миён ниҳодҳои мадании Тоҷикистон низ бетараф набошанд.