Австралия се сол пай дар ҳам миллати хушбахттарин дар миёни кишварҳои тавсеъаёфта унвон мешавад.
Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Тавсеъа (СҲИТ) дар "Феҳристи зиндагии беҳтар" мегӯяд, ки Австралия ба хотири устувории умумии иқтисодӣ дар ин мақом қарор гирифтааст.
Шведсия, Канада, Норвегия ва Шветсария низ дар миёни панҷ кишвари хушбахттарин қарор гирифтаанд.
Назарсанҷии ин созмон дар 30 кишвари ҷаҳон бар асоси нишондодҳое мухталиф, аз ҷумла даромад, беҳдошт, амният ва дороии маскан таҳия шудааст.
73 дарсад аз 23 миллион австралиёии синни 15 то 64-сола дорои кор ҳастанд, ки даромадашон тибқи стандартҳои СҲИТ болотар аз мутавассит будааст.
Суоли матраҳ ин аст, ки кай Тоҷикистон дар мақоми миллатҳои хушбахт ҷой хоҳад гирифт?