Тими миллии гуштии Ирон бо тими миллии Амрико дар Ню-Йорк мусобиқа дод ва пирӯзи майдон шуд.
Ирониҳои муқими Ню-Йорк бо ливоҳои кишварашон дар маҳалли мусобиқа, ки истгоҳи қатори Гронд Сентрол буд , ҳозир шуданд ва тими Иронро ташвиқ мекарданд.
Мусобиқае, ки дар Ню-Йорк баргузор шуд, турнаменте сеҷониба байни кишварҳои Ирон, Амрико ва Русия буд.
Авоъиди ин мусобиқаҳои дӯстона ба масорифи хайрия мерасад ва далели ҷонибии он ҳам баргардондани назари Кумитаи байналмилалии Олимпӣ ҷиҳати ҳазфи риштаи гуштӣ унвон шудааст.
Ин се кишвар умедворанд, ки бо ин мусобиқа ва нишон додани як рақобати дӯстона гуштиро дар миёни рақобатҳои Олимпӣ нигаҳ доранд.
Кумитаи байналмилалии Олимпӣ пешниҳод дода, ки гуштӣ аз соли 2020 мелодӣ аз рақобатҳои олимпӣ канор гузошта шавад.
Тими миллии Ирон муваффақ шуд, ки тими Амрикоро бо натиҷаи шаш бар як бубарад. Амрикоиҳо ҳам дар гуштии озод тавонистанд ба Русия пирӯз шаванд.
Тимҳои Ирон ва Амрико дар рӯзи 19 май дар Лос-Анҷелес мусобиқа доданд.
Меҳдии Тақавӣ, яке аз гуштигирони иронӣ баъд аз бурдани рақибаш ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки трониҳо дар ҳамаи ҷо барои ташвиқи тими миллии Ирон ҳозир мешаванд ва ҳамеша ҳамин тавр ташвиқ мекунанд. Ишораи ӯ ба шиъорҳои якпорчаи ирониён, фарёд заданҳои паёпайашон ва парчам такон доданҳояшон буд.
Номи ин турнамент "Ҳаёҳу рӯйи рейл аст" аст.
Ин чаҳорумин соли паёпай аст, ки дар шаҳри Ню-Йорк мусобиқаҳои хайрияи гуштӣ баргузор мешавад. Ду бори охир дар майдони Тоймзи Ню-Йорк буда ва Ирон барои нахустин бор аст, ки ба ин турнамент даъват мешавад.
Дар 29 моҳи май дар Русия қарор аст, ки Кумитаи байналмилалии Олимпӣ ташкили ҷаласа диҳад ва дар бораи мондагории гуштӣ дар олимпӣ баҳс кунад.