Маҳмудҷон Қосимов: Субот ва оромӣ барои мо аз ҳама муҳимтар аст

Хабари хуб 23.05.2013 14:21

Mahmudjon qosimovМаҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гуруҳи ташаббускори таъсиси «Тоҷикистони нав» мегӯяд, вобаста ба вазъияти пешомада ва боздошти раиси ин гуруҳ аз ҳамаи ҷонибдорон ва пайравони «Тоҷикистони нав» даъват мекунад, ки хештандорӣ нишон бидиҳанд ва ба ҳеч гуна иғво ва ифротгароӣ роҳ надиҳанд. Мо фаъолияти худро ҷиддан бар асоси қонун амалӣ мекунем ва барои мо субот ва оромии ҷомеъа болотарин арзиш ҳисоб мешавад ва бояд тамоми талошро бикунем, ки бо истифода ва ё суистифода аз номи мо нируҳои манфиатхоҳ ва моҷароҷӯ натавонанд фитнаеро ба роҳ андозанд. Аз ин рӯ, аз ҳамаи дӯстон ва ҳар касе, ки ба мо ҳамфикрӣ дорад, даъват мекунем, ки ниҳояти таҳаммулпазириро аз худ нишон бидиҳанд ва коре бикунанд, ки боиси кӯчактарин суистифода нашавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97