Падари Парвиз Вазирбеков, як ноболиғи нопадидшуда дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон гуфт, ки дирӯз сокинони ин ноҳия ҷасади писари 14 солаи ӯро аз рӯдхонаи Панҷ пайдо кардаанд.
Вазирбек Назриев мегӯяд, ки тайи 20 рӯз ба ҷойи масъулони давлатӣ барои пайдо кардани ҷасади Парвиз сокинони ноҳия талоши бештар кардаанд.
Ӯ ба Додситонии куллии Тоҷикистон аз рӯйи сарбозони воҳиди марзбонии ноҳия шикоят бурдааст, зеро ба бовари ӯ маҳз онҳо писарашро барои мулоқот даъват карда буданд ва сипас Парвиз гум шуда ва акнун ҷасади ӯ аз рӯдхона пайдо шудааст.
Падари Парвиз гуфтааст: "Ман медонам, ки бо писари ман ҳар ҳодисае ки шуд, дар дохили ин қисми марзбонӣ шуд. Ман тақозо мекунам, ки афроди гунаҳкор барои куштани писарам ҷазо дода шаванд."
Пизишкони қонунӣ ҷасади Парвиз Вазирбековро таҳқиқ карда ва аъзои хонавода ҷасади ӯро ба хок супурданд. Натиҷаи ташхиси пизишкии қонунӣ пас аз 15 рӯз маълум хоҳад шуд.
Маҳмадалӣ Бобоев, доситони низомии ин вилоят рӯзи сешанбеи 21 май ба Би-би-сӣ гуфтааст: "Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки ин писар ба дохили қисмати марзбонон барои дӯздӣ даромада ва ба ҳангоми баровардани маводди сӯхт аз дохили бушкаи бензин ба даруни он афтида ва ҷон додааст."
Аммо Вазирбек Назриев, падари Парвиз иддаъои мақомот дар бораи қасди дуздӣ доштани писарашро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ бо даъвати яке аз марзбонон соати ҳафти шом ба дохили қисми марзбонӣ ворид шуда буд.
Додситони низомии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ду нафар аз сарбозони қисми марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз дар робита ба он ки ҷасади ин ноболиғ чи гуна ба рӯдхонаи Панҷ афтодааст, бозпурсӣ хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи пайвандони Парвиз Вазирбеков, ӯ баъд аз зӯҳри якуми майи соли равон барои мулоқот бо дӯсташ ба қисми марзбонони Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз рафта ва то пайдо шудани ҷасадаш, нопадид буд.