Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо пахши изҳороте боздошти роҳбари Гуруҳи муассисони таъсиси ҳизби «Тоҷикистон нав» Зайд Саидовро як амали сирф сиёсӣ ва ҳадафмандона, инчунин мухолиф ба қонунгузории кишвар ва фарҳанги сиёсӣ донистааст.
Дар ин изҳорот ҳамчунин оварда шудааст: «Ба ҳабс гирифтани вакили маҷлиси шаҳрӣ бе бекор кардани ваколати ӯ ва бе исботи судии гуноҳаш, нишонаи яктарафа ва ғаразнок будани худи эълони парвандаҳои ҷиноӣ ва рафти тафтишот мебошад. Дар ин изҳорот таъкид шудааст, ки айбҷӯӣ дар баробари Зайд Саидов танҳо пас аз тасмими ӯ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ба ин маъност, ки маҳз дигарандешии ӯ боиси таъқибу тазъиқаш аз сӯи мақомот шудааст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки дар ҷаласаи худ аз 20 майи соли 2013 вазъи сиёсии кишварро дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба баррасӣ гирифтааст, онро як марҳилаи нисбатан ҳасос унвон карда, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ як кишвари демократии мабни бар гуногунандешии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин дорои низоми бисёрҳизбӣ эълон шудааст ва паёдоишу фаъолияти озодонаи ҳизбҳо нишонаҳои пойбандии мақомот ба ин аслҳо мебошад. Аммо бо изҳори таассуфи дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки солҳои охир раванди бозгашт аз ин масир ба чашм мехурад, ки нишонаҳои онро дар маҳдуд кардани фаъолияти ҳизбҳо ва эҷоди монеъа дар таҳкими гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ мебинем. Бо баҳонаҳои гуногун, аксаран сохтаву бофта, болои сиёсатмадорон, фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиву ташкилотҳои ғайридавлатӣ, инчунин расонаҳои хабарӣ фишорҳо бештар шуда истодаанд, ки боиси нигаронии амиқи ҷомеъа гаштааст.
Дар изҳорои Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Зайд Саидов як амали сирф сиёсӣ унвон шуда, даъват шудааст, ки муносибат нисбат ба ӯ бо риояи тамоми ҳуқуқҳояш, ҳамчун шаҳрванд ва вакили маҷлиси шаҳрӣ анҷом шавад. Дар идомаи ин изҳорот оварда шудааст, ки аз мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои миллии кишвар бори дигар даъват менамоем, ки фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ, муколама ва эҳтироми тарафайнро дар ҷомеъа таҳким бахшанд ва нагузоранд, ки вазъи орому босуботи кишвар дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ рӯ ба ноустуворӣ ва беэътимодӣ биёрад.