Гуруҳи ташаббускори ҳизби навтаъсиси «Тоҷикистони Нав» бо пахши изҳороте эълом кардааст, ки бо вуҷуди фишорҳои зиёд ба раис ва аъзои гуруҳи ташаббускор ҳамоно аз мақсади худ ҷиҳати таъсиси як ҳизби марказгаро барои рафъи буҳрони мавҷуд даст накашидаанд.
Дар изҳороти худ ин гуруҳи ташаббускор амали Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро ҷиҳати боздошти раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони Нав» ғайриқонунӣ хонда, таъкид бар он кардааст, ки ҳуқуқҳои Зайд Саидов, ҳамчун вакили маҷлиси маҳаллӣ нодида гирифта шудааст. Дар изҳорот омадааст: «Аз ин рӯ, амале, ки дарҳол зимни ба Ватан бозпас гаштани Зайд Саидов сурат гирифт, ногаҳонӣ буд. Ӯ, бидуни ҳама гуна огоҳии хешу пайвандону ҳаммаслаканаш, чуноне дертар маълум шуд, ба идораи шаҳрии Агентии мубориза алайҳи фасод бурда шуд ва то ба ҳол (интиҳои рӯзи 19 майи соли равон) он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Амали мазкур бо дағалона поймол шудани ҳуқуқҳои номбурда сурат гирифтааст. Аз ҷумла, вакилони мудофиа имкони на танҳо ширкат дар амалиёти мурофиавӣ, балки ҳатто робита бо Ӯро тайи зиёда аз 12 соатро надоранд. Мартабаи мурофиавии Зайд Саидов номаълум аст, аз ҳолаш, бахусус аз вазъи саломатиаш ягон иттилое вуҷуд надорад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки мавсуф вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва аз ин рӯ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ расмиёти марбутае, ки ба хотири дахлнопазириаш кафолат дода шудааст, бояд риоя бишавад. Ҳолатҳои басо дағалона поймол шудани талаботи қонун бо мисолҳои мазкур маҳдуд намешаванд».
Гуруҳи ташаббускор бар он аст, ки ҳама гуна тазъиқу фишор ба раис ва аъзои гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёии «Тоҷикистони Нав» решаҳои сиёсӣ дорад, ки ба таъкиди онҳо боздошти раиси ҳизб дигар ин шакку шубҳаро аз миён бардоштааст.
Ин гуруҳ ҳамчунин фишорҳои ахирро дар нисбат ба дастандаркорони таъсиси ҳизб бар суди гуруҳи худ арзёбӣ карда меафзоянд, дар ин авохир бо вуҷуди тарк кардани ду се нафар аз узви таъсисӣ даҳҳо нафар изҳори пайвастан бо ҳизби «Тоҷикистони Нав»-ро мекунанд. Дар изҳорот аз пайвастани ду шахсияти саршиноси кишвар профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси маъруф ва Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди соҳибандеша ва машҳури тоҷик ба сафи онҳо хабар додаанд: Аксуламали мазкур азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад, баръакс итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин як ҳизби марказгаро барои раҳоӣ аз вартаи мушкилиҳои мардуму кишвар тадбир аст. Дастгирии рӯзафзуни мардум аз иқдоми гуруҳ далели ин гуфтаҳост. Чунончи, даҳҳо ҳаводорону ҷонибдорон имрӯзҳо ба мо изҳори пайвастагӣ мекунанд. Сафи аъзои гуруҳи ташаббускор низ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯз (19.05) аллакай чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишвар – профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коргардони машҳур Барзу Абдуразоққов ва чанд нафари дигар расман бо мо пайвастанд».
Бояд гуфт, ки Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони Нав” соати 3-и субҳи 19-уми май зимни бозгашт аз Порис аз фурудгоҳи Душанбе барои бозпурсӣ ба Агентии зидди коррупсия бурда шуда, пас аз чанд соати нигаҳдории ӯ дар ин идора ин ниҳод аз кушодани парвандаҳои нав алайҳи ӯ хабар дод.
Зайд Саидов ибтидои моҳи апрели соли равон аз таъсиси ҳизби нави сиёсӣ хабар дод, ки танҳо пас аз эълони ин тасмим аввал зиндагии хонаводагии ӯ аз сӯи мақомоти интизомӣ пайгирӣ ва фош шуд ва акнун бо гузашти чанд ҳафта бар парвандаи ӯ иттиҳомоте дигар афзун мешавад. Айни ҳамон иттиҳомоте, ки дар гузашта бар гардани аъзои ногапдарои ҳукумат дайн шуда буд.
Матни изхорот ин чост: https://www.facebook.com/newtajikistanparty/posts/416972588410223