Маргу мири модару кӯдак: «Наҷоти кӯдакон» рост мегӯяд, ё Агентии омор?

Хабари хуб 19.05.2013 18:24

save-the-childrenСозмони "Наҷоти кӯдакон" дар гузориши тозаи “Вазъияти модарон дар ҷаҳон” Тоҷикистонро дар заминаи мизони маргу мири модар ва кӯдак дар зинаи 124 қарор додааст.

Коршиносони созмони "Наҷоти кӯдакон" натиҷагирӣ кардаанд, ки дар Тоҷикистон дар соли 2011 мизони маргу мири кӯдакони навзод баробар бо 63 марг ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда будааст.

Ин дар ҳолест, ки омори коршиносони дохилӣ дар ин замина гуногун будааст. Агентии давлатии омори Тоҷикистон дар моҳи гузашта зимни интишори натиҷаҳои муқаддамотии таҳқиқоти мавсум ба "Баррасии демографӣ ва беҳдошти Тоҷикистон" аз коҳиши мизони маргу ми-ри кӯдакони навзод ва кӯдакони зери синни панҷсола хабар дода буд.

Бар асоси ин таҳқиқот, ки дар соли 2012 дар Тоҷикистон анҷом шуда, мизони маргу мири кӯдакони навзод дар кишвар баробар бо 19 марг ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда будааст.

Бо ин ҳол бино ба таҳқиқи «Наҷоти кӯдакон», вазъи Тоҷикистон дар заминаи таваллуд кардан дар миёни кишварҳои минтақа пас аз Афғонистон бадтарин будааст.

Тоҷикистон дар арзёбии ин созмон дар канори кишварҳои қораи Африқо, аз ҷумла Бутан, Ангола ва Синегал қарор дорад.

«Наҷоти кӯдакон» дар маҷ-мӯъ вазъияти таваллуд кардан дар 176 кишвари ҷаҳонро арзёбӣ кардааст. Туркманистон дар феҳристи вазъи маргу мири кӯдакони навзод дар зинаи 99 ва Узбакистон дар зинаи 105 қарор дошта ва Қирғизистон як зина аз Узбакистон болотар будааст.

Тибқи ин пажуҳиш кишварҳои беҳтарин барои таваллуд кардан дар ҷаҳон Финланд, Шведсия, Норвегия ва Исландия хонда мешаванд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки ҳамасола беш аз 350 ҳазор зан дар ҷаҳон дар ҷараёни бордорӣ ё таваллуд кардан ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар ин гузориш оварда шудааст, ки ҳамасола беш аз як миллиён нафар аз кӯдакони зери як моҳа ҷони худро аз даст дода ва беш аз ду миллиону 600 ҳазор навзод мурда таваллуд мешаванд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97