Узбакистон: Вориси Алишер Усмонов кушта шуд

Хабари хуб 18.05.2013 16:20

Aliser UМаросими дафни Бобур Усмонов, аз пайвандони Алишер Усмонов, сармоядори саршиноси Русия, ки чанд рӯзе қабл бар асари як бархӯрди автомобилӣ ҷон бохта буд, дар ҳоле ки ҳеҷ иттилоъи расмӣ дар ин бора нашр намешавад, ба шоеъоте дар шаҳри Тошканд мунҷар шудаастБобур Усмонов ворис ва аз писарбародарони дӯстдоштаи Алишер Усмонов маҳсуб мешуд. Расонаҳо аз қавли манбаъи махфии пулиси роҳи Тошканд хабар додаанд, ки ин сонеҳа соъати 5-и субҳ дар маркази шаҳр иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, Бобур ба ҳангоми бозгашт аз ҷашни зодрӯзи дӯсташ хеле маст будааст. Духтаре низ ҳамроҳаш дар мошин будааст ва ӯ низ дар сонеҳа кушта шудааст. Бобур Усмонов бо хонум ва духтараш дар Шведсария ба сар мебурд. Вай ба хотири ширкат дар арӯсии яке аз пайвандонаш бо номи Асал Назриева, ки қарор буд 10 майи баргузор шавад, ба Тошканд омада буд. Алишер Усмонов, ки ба наздикӣ сарватмандтарин фарди Бритониё унвон шуд, фарзанд надорад ва аз ин лиҳоз, Бобур, писари бародарашро вориси худ хонда буд. Бобур дар Шведсария таҳсил дида ва дар кишварҳои хориҷӣ мудирияти бизнеси амакашро бар ӯҳда дошт. Ба гуфтаи шоҳидон, Алишер Усмонов, ки барои ширкат дар маросими дафн аз Маскав ба Тошканд омад, хеле ?амзада буд ва базаҳмат ба пой меистод.

Дар мавриди ин ҳодиса мақомоти Узбакистон баёнияи расмие содир накарда ва Алишер Усмонов низ расман ибрози назар накардааст.

Камбуди иттилоъи расмӣ дар бораи ҳодисаи марги Бобур Усмонов боиси паҳн шудани сару садоҳо ва ҳадсу гумонзаниҳо дар мавриди он шудааст, ки ин садама маъмулӣ набуд.

Ҷузъиёти ҳодиса на аз ҷониби шоҳидони айнӣ, балки аз сӯйи пайвандон ироъа мешавад. Зимнан, суоле низ матраҳ аст, ки ин ҳодиса шоҳидони айнӣ доштааст ё хайр?

Маъмулан, субҳи зуд хиёбонҳои Тошканд тақрибан холӣ ҳастанд ва метавон гумон зад, ки Бобур Усмонов дар роҳи хилват мошин меронад. Духтаре, ки дар худрави Бобур буд, бар асари захмҳо дар бемористон даргузашт. Хонуми Бобур Усмонов, духтари бародари Шавкат Мирзиёев, нахуствазири феълии Узбакистон ва яке аз довталабони мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар аст. Манобеъи наздик ба раёсати ҷумҳурии Узбакистон мегӯянд, равобити хешу табории Мирзиёев ва Усмонов боиси норизоиятии президент Каримов ва атрофиёнаш шуда буд. Садамаи фоҷиъабори писарбародари олигархи Русия замоне рух дод, ки хабарҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии раиси ҷумҳури Узбакистон ва ташдиди муборизот барои ҳокимият дар миёни нухбагони сиёсии кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Шавкат Мирзиёев, нахуствазир, Рустам Азимов, муъовини нахуствазир ва Гулнора Каримова, духтари президент Каримов аз довталабони аслӣ ба мақоми олии Узбакистон маҳсуб мешаванд.

Ҳатто агар қазияи марги Бобур Усмонов алорағми бовари бисёриҳо қатли фармоишӣ набуда, балки як ҳодисаи нохуш буд, ин ҳодиса на танҳо зарбаи сангин ба Алишер Усмонов аст, ки пайванд ва вориси худро аз даст дод, балки зарбае ба нахуствазири Узбакистон низ ҳаст, чун ин марг риштаи хешӣ миёни Мирзиёев бо Алишер Усмоновро гусаст.

Аммо камбуди иттилоъот дар мавриди ин қазия аз Тошканд, ба густариши сару садоҳо ва ҳадсу гумонзаниҳо дар бораи марги Алишер Усмонов мусоъидат мекунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97