22 май футболбозони навраси Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи федеролии Чемпионат оид ба футбол, миёни тарбиятгирандагони ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо барои ҷоми «Оянда аз шумо бастагӣ дорад», ки бо ташаббуси ширкати «МегаФон» ба роҳ монда шудааст, озим хоҳанд шуд.
Командаи ғолиб роҳхатро ба шаҳри Ландан дарёфт хоҳад кард.
Дар марҳилаҳои минтақавии Чемпионат, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, 16 даста аз интернатҳои ноҳияҳои Шаҳритус, Қубоддиён, Шаҳринав, инчунин аз Душанбе ширкат варзиданд. Дар гуруҳи хурдсолон (12-14 сола) ғолибият насиби бачаҳои мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи Ҷалолуддини Румиро мағлуб намуданд, гардид. Дар гуруҳи калонсолон (15-16 сола) имконияти гирифтани роҳхат ба Сочиро дастаи мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав, ки ба дастаи Шаҳритус бо ҳисоби калони 5 бар 1 ғолиб омаданд, ба даст оварданд. Дастаҳои ғолиб озими Сочи мешаванд, то дар марҳилаҳои федеролии вохӯриҳо, ки аз 22-юм то 27 май гузаронида мешаванд, ширкат биварзанд.
«Ман хурсанд аз онам, ки дастаи мо ғолиб омад. Моро зарур аст, ҳар чи бештар ба тамрин бипардозем, то чунин дастовардро низ дар Сочи такрор кунем ва имконияти рафтан ба Ланданро ба даст оварем. Ин орузи мост!» - мегӯяд талабаи синфи 5-и гуруҳи «А»-и мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе, Усмон Салимов.
«Дастаҳо аз Тоҷикистон барои бори саввум аст, ки дар марҳилаҳои федеролии Чемпионат имкони ширкат варзиданро ба даст овардаанд. Барои бачаҳо ин имконияти хубе дар ҷиҳати дарёфти дӯстони нав, дидан кардан аз шаҳре, ки соли оянда он ҷо бозиҳои Зимистонаи олимпӣ гузаронида мешаванд, инчунин рӯ ба рӯ шудан бо варзишгарони машҳурро дар пай хоҳад дошт. Ин барои ҳар як футболбози наврас ва ҷавон орзуи ширине аст», - мегӯяд роҳбари PR – хадамоти ширкати «МегаФон-Тоҷикистон», Кермен Эткеева.
Мусобиқаи футбол байни дастаҳои ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо «Оянда аз шумо бастагӣ дорад» аз соли 2005 ин ҷониб гузаронида мешавад. Дар соли 2010 барои якумин бор варзишгарони ҷавон аз Тоҷикистон, ба марҳилаи федеролии Чемпионати Русия баромаданд, ки дар ҷадвали мусобиқа ҷой 5-умро дар гуруҳҳои наврасон ва калонсолон, ишғол карданд. Дар соли баъдӣ, яъне соли 2011, соҳиби ҷойза гардиданд; даста аз мактаб-интернати Румӣ байни гуруҳҳои калонсол соҳиби ҷойи 3-юм ва футболбозони мактаб – интернати Хуҷанд ғолибиятро дар гуруҳҳои хурдсол ба даст оварданд. Ғолибон имконияти рафтан ба Ландан ва вохӯрӣ намудан бо футболбозони клуби «Арсенал» - ро касб карданд.