«Вавилон-Мобайл»: Мо зиёда аз 3 000 000 нафарем!

Хабари хуб 11.05.2013 17:49

3 million

3 майи соли 2013 Саодатбахт  Султонмамадова,  истиқоматкунандаи кӯчаи Ленини шаҳри Хоруғ, ки ҳамчун ҳамшираи шафқат дар Ташкилоти Ҷамъиятии «Нур» кӯдакони маъюбро нигоҳубин мекард, ба шабакаи «Вавилон -Мобайл»  пайваст шуда, муштарии 3 миллионумини ширкат  гардид.

Дар маросими тантанавӣ  Раиси асотсиатсияи алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Иркаев, раиси ширкати  HUAWEI дар Тоҷикистон Лю Цзян ва якчанд нафар меҳмонони дигар ширкат варзида, Саодатбахтро барои чунин саодати бахт табрик гуфтанд ва ба ӯ тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Лаҳзаи  кулминатсионии ҷашни мазкур табрикоти Директори генералии ширкати «Вавилон-Мобайл» Беҳзод Файзуллоев гардид. Файзуллоев Б. Ҳ. дар муҳити тантанавӣ  Султонмамадова Саодатро табрик гуфта, дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори омма ба ӯ   калиди автомашинаи тамғаи HUNDAI –ACCENT  ва сертификат барои 3 000 000  сонияҳои ройгонро тақдим намуд.

Ширкати «Вавилон-Мобайл» ҳамеша алоқаи мобилиро барои ҳамагон дастрас менамояд!

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97