Парвандаи Зайд Саидов боз шуд

Хабари хуб 11.05.2013 16:50

 Saidov ZХайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, тоҷири маъруфи тоҷик ва аз мубтакирони ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" дар шарҳи бозпурсӣ шудани аҳли хонаводаашон гуфт, ки аллайҳи падараш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ӯ, ки қаблан дар мавриди ташрифи ногаҳонии бозрасони мақомоти интизомӣ ба манзили зисташон дар шаҳри Душанбе хабар дода буд, гуфт ки маълум шуд, ки алайҳи падарам Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Манбаъ афзуд, ки чанд нафар, ки худро кормандони додситонии шаҳрӣ муаррифӣ карданд, хонаи онҳоро ҷустуҷӯ карда, аксбардорӣ кардаанд.

Хайруллоҳ Саидов гуфт, ки ин афрод бо худ қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро доштанд, ки ин ба онҳо иҷозаи анҷоми ҷустуҷӯро медиҳад.

Ӯ афзуд: Қарори додгоҳ бар асоси боз шудани парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми сезанагӣ аллайҳи падарам дода шудааст ва инҳо гӯё барои ёфтани далел хонаи моро бозҷӯӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов дирӯз 10 май барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳонии Тенниси рӯйи миз ба ҳайси раиси Федератсиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба Порис сафар кардааст.

Дирӯз 10-уми май гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" бо баргузории нишасти хабарӣ ва интишори баёнияе аз ворид шудани таҳдидҳо алайҳи Зайд Саидов хабар доданд. Зайд Саидов тавассути телефони ҳамроҳ паёмҳои таҳқиромез дарёфт кардааст, ки дар он аз ӯ тақозо шуда аз таъсиси ҳизби сиёсӣ даст бикашад.  

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97