Имрӯз, 11 май писари Зайд Саидов, тоҷири маъруф, ки ахиран аз таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» дарак дод, ба «Миллат» хабар дод, ки гуруҳе аз бозрасонҳо хонаи онҳоро мавриди бозҷӯӣ қарор доданд.
Ӯ гуфт, ки дирӯз падараш барои ширкат дар мусобиқоти тениси рӯи миз, ба ҳайси раиси Федератсиюни тенниси Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар сафар кардааст ва ҳузури "меҳмонони нохонда" хонаводаашонро нигарон кардааст.
Манбаъ хабар дод, ки ҳамчунин ҳамсар ва фарзандони Зайд Саидов дар ҳоли ҳозир барои бозпурсӣ ба додситонии шаҳрӣ бурда шудаанд.