Авиаторон рӯзи ғалабаро ҷашн гирифтанд

Хабари хуб 10.05.2013 15:26

VeteraniРӯзи 08.05.2013 ш.Душанбе кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 68 умин солгарди Ғалаба бар фашизмро бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар якҷоягӣ таҷлил намуданд.

Чун анъана ҷамъомади тантанавӣ дар пояи «Муҷассамаи ёдгории ҳавонавардони дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда» баргузор гардид. Лола Кенҷаева котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз номи роҳбарони корхонаҳои авиатсияи гражданӣ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро табрик гуфта, саҳми авиаторонро дар ғалаба бар фашизм қайд намуд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби роҳбарият ва Кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» қадршиносӣ шуданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ дар қатори иштирокчиёни ҶБВ ҳамчунин иштирокчиёни ҷанги Афғистон ва фалокати Чернобил низ иштирок ва қадрдонӣ шуданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97