Рамазон Раҳимов дар Рашт бо кӣ мулоқот кард?

Хабари хуб 08.05.2013 11:57

Ramazon Rahimov darРамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ Тоҷикистон мегӯяд ҳанӯз афроде алоҳида алоқаманди халалдор кардани субот дар минтақаи Рашт ҳастанд.

Ба навиштаи сайти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Р. Раҳимов ин мавзуъро дар мулоқоташ бо кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар минтақаи Рашт баён кардааст. Ӯ гуфтааст: "Вазифаи аввалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин пешгирии чунин амалҳо, муъайян ва дастгир намудани ин шахсон мебошад."

Ба навиштаи ин сайт вазир бори дигар ба мавзуъи ҷанҷолбарангези таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ёдовар шуда, гуфтааст: "То ҳанӯз дар мактабҳои ғайриқонунии динии давлатҳои хориҷӣ таҳсил намудани ҷавонон ҷой дорад, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоъатҳо ва муъассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои ба Ватан баргардонидани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд."

Вазири корҳои дохилӣ рӯзҳои 4-5 май дар навоҳии минтақаи Рашт ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Навобод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол бо кормандони мақомоти корҳои дохил вохӯрӣ дошт. Ӯ ҳамчунин ба аҳамияти байналмилалии интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ таъкид карда ва аз милитсия хостааст, барои ин ҳодисаи сиёсӣ омода бошанд.

Вазир дар ҷаласаи мушовараи рӯзи 30-юми апрел дар Душанбе низ дар бораи аҳамияти таъмини субот дар ҷараёни баргузории интихобот суҳбат карда ва гуфта буд, ки кормандони ин ниҳод дар мавриди зарурӣ зиндагии худро барои ҳифозат аз сохти ҷамъият ва давлат дареғ нахоҳанд дошт. Вай дар суханоронии худ дар он ҷаласа аз савганди милисаи тоҷик, ки замони ба кор шуруъ кардан, ёд мекунад, ёдовар шуд ва гуфт, ки дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шудани ду тадбири аслӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба хидмати содиқонаи милитсия вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол радиои «Озодӣ» дар бораи мулоқоти вазири корҳои дохилӣ дар Рашт бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони мухолифони пешини тоҷик хабар додааст. Ин манбаъ аз қавли Олим Одилов, муовини Мирзохӯча Аҳмадов гуфтааст, ки онҳо мулоқоти кутоҳе доштаанд, аммо аз ин бештар дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот чизе намедонад. Аммо худи Мирзохӯҷа Аҳмадов ба зангҳои телефонии «Озодӣ» посух надодааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97