Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Норвегия дар ҳамкорӣ бо АКДН хатти интиқоли барқро ба Ишкошими Афғонистон ифтитоҳ менамоянд.
Кобул, панҷшанбе, 2 майи соли 2013 – Имрӯз хатти интиқоли қувваи барқ ифтитоҳ гардид, ки он чанде қабл барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон сохта шуда буд. Ширкати Помир Энерҷи, лоиҳаи Фонди Оғохон оид ба рушд (АКФЭД), ки оператори нерӯгоҳи барқи обӣ мебошад, акнун қувваи барқи изофиро аз қаламрави сарҳадии Ишкошими Тоҷикистон ба Ишкошими Афғонистон содирот мекунад.
Маросими ифтитоҳи хатти интиқоли қувваи барқ дар ҳузури Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҷаноби Азиз Гиёев, Сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Нурмаҳмад Холназаров, Консули генералии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ҷаноби Ғулом Ҳошими Соеъ, Раиси ноҳияи Ишкошими Афғонистон ҷаноби Аҳмадмир Ҷавод, Сафири Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Оле Бҷорной, мушовирони калони Вазорати корҳои хориҷии Норвегия, Намояндаи доимииТашкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Акбар Алӣ Песнанӣ, намояндаи Хадамоти ҷонибдории соҳибкорӣ ҷаноби Матю Скэнлон ва Директори генералии Ширкати Помир Энерҷи ҷаноби Далер Ҷумъаев ва инчунин дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дастгирӣ намудани ибтикороти мазкур аз ҷониби Норвнгия коршиносӣ ва таҷрибаи онро дар соҳаи қувваи барқи обӣ, инчунин ҷонибдории васеътари онро аз ҳамкории беҳтари Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи сарҳадӣ.
Муовини Раиси ВМКБ ҷаноби Азиз Гиёев аз номи Ҳукумати Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз намуд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамсояи худ Афғонистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла интиқоли қувваи барқ мунтазам кӯмак мерасонад ва ин иқдомро баҳри шукуфоии кишвари мазкур дар оянда низ идома хоҳад дод».
Ноилаи Абдулфаттоҳ