«Облава» дар Восеъ боиси сӯхтани зане бозорнишин шуд

Хабари хуб 06.05.2013 14:36

oblava dar voseДар ноҳияи Восеъ ба ҳангоми амалиёти «облава» дар наздикии бозори маркази ноҳия як ҷавон фирор карда, аз болои деги тафсони равғани «пирожки» -паз меҷаҳад. Дар ҳамин ҳолат деги равған чапа шуда, ҳам ҷавон ва ҳам зане, ки «пирожки» мепӯхт, сӯхтааст.

Бино ба иттилои шоҳидони айнӣ занро ба бемористон интиқол дода,ҷавон агарчӣ низ ба гуфтаи бархе аз шоҳидон аз миён поёнаш сухтааст, аз тарси «облава» ба бемористон нарафта, ба хонаашон, ки ба қавле дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ воқеъ будааст, панаҳ бурдааст.

Ба қавли бархе аз хабарҳои расида зани осебдида Муҳаббат ном дошта, рӯзи худ ва чаҳор фарзандашро, ба танҳоӣ бо тиҷорати хурд дар бозор мегузарондааст.

Ҳам навбатдори ВКД, ҳам навбатдори РКД дар Хатлон ва ҳам навбатдори ШКД-и ноҳияи Восеъ аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кардаанд.  

Аз ШКД-и нохияи Восеъ ба мо ваъда доданд, ки ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард ва баъдан иттилоъ хоҳанд дод. Ҳодисаро хабарнигори мо пайгирӣдорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97