Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфтааст, ки хуруҷи нируҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терроризм аз Афғонистон дар соли 2014 барои Осиёи Марказӣ фоҷиабор нахоҳад буд.
Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Қазоқистон, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар ин бора рӯзи 25 апрел, дар 11-умин нишасти расонаҳои Авруосиё дар шаҳри Остона ибрози назар кард.
Н. Назарбоев гуфтааст: "Ман назарияҳои фоҷиаборро, ки аз ҳар тараф мешунавем, қабул надорам. Бовар дорам, ки пас аз анҷоми марҳилаи фаъоли нируҳои байналмилалӣ дар Афғонистон дар соли 2014 дар минтақа ҳеч фалокате рух нахоҳад дод."
Ба эътиқоди Назарбоев, дар муддати ҳузури нируҳои Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон сатҳи таҳдидҳо ба амнияти минтақа ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Ӯ гуфтааст, дар Афғонистон масоили марбут ба танзими равандҳои дохилию рушди иқтисоди кишвар боқӣ мондаанд ва ҳоло лозим аст, ки дар бозсозии иқтисоди Афғонистон мусоъидат шавад ва мизони сармоягузорию кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар афзоиш ёбад.
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфтааст, кишвараш омода аст дар ҳалли ин мушкилот саҳми фаъол бигирад.
Ӯ гуфтааст: "Муҳим аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар истиқрори сулҳ ва тавсеъаи иқтисоди Афғонистон мусоъидат кунад. Дар ин кишвар аз соли 1979 ҷанги дохилӣ идома дорад, фарде, ки дар ин муддат ба дунё омадааст, дар даст танҳо силоҳ доштааст. Бояд мардуми афғонро дубора ба майдони кор бозгардонда ва дар бозсозии иқтисоди ин кишвар кумак кунем."
Раҳбари давлати Қазоқистон, ибрози назарҳо дар мавриди онро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша таҳти нуфузи хориҷӣ қарор доранд, иштибоҳӣ хонд ва гуфт, ки мардуми ин минтақа мутамаддин буда, ояндаи нек доранд.
Ҳамзамон, Назарбоев таъкид кардааст, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои дарёҳои фаромарзӣ, рушди тиҷорат масоили мавриди баҳс вуҷуд дошта ва масъалаи таъйини хутути марз миёни кишварҳои минтақа то ҳол ҳал нашудаанд.
Нурсултон Назарбоев гуфтааст: "Пас аз касби истиқлол кишварҳои минтақа роҳҳои мухталифи рушдро интихоб карданд. Як раҳбар талош кардааст, кишвараш дар ҳолати пешин бошад, дигарӣ роҳи рушди мӯътадилро баргузида ва кишварҳое чун Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои хеле фақир боқӣ монданд."