Қоҷоқи занон аз сӯи занон

Хабари хуб 04.05.2013 16:05

odamraboiБино ба гузориши Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон, аз соли 2006 то ҳол дар кишвар 469 нафар, аз ҷумла 258 зан, қурбони қочоқи инсон шудаанд, аз ҷумла 90 нафар аз шумори ноболиғон будаанд.

Дар зарфи се моҳи соли равон кормандони Вазорати корҳои дохила 15 далели инчуниниро ошкор кардаанд, ки дар 7 ҳолат аз интиқоли духтарон ба Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) пешгирӣ шудааст. Дар ин муддат мақомоти интизомӣ аз 254 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон (соли 2012 - 533 чунин далел) ҷилавгирӣ намуда, дар ин давра аз рӯи моддаи 130 (одамрабоӣ) 5 парвандаи ҷиноӣ (соли 2012 - 6 парванда) ва моддаи 130, дараҷ. 1 (хариду фурӯши одамон) 1 парвандаи ҷиноӣ (соли 2012 - 3 парванда) боз шудааст.

Мақомоти милисаи Тоҷикистон мегӯяд, аксари қочоқбарони инсон дар кишвар занон ҳастанд. Онҳо занону духтаронро бо роҳи фиреб ба хориҷ барои суистифодаи ҷинсӣ интиқол медиҳанд.

Бар асоси гузорише, ки Идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид дар поёни соли гузашта интишор додааст,  дар Аврупо ва Осиёи Миёна қочоқи инсон бештар бо ҳадафи касби даромад аз фаҳшо сурат мегирад. Дар инҷо 62 дарсади қурбониён барои фаҳшо ва 31 дарсад барои кори иҷборӣ қочоқ шудаанд.

Ончи ки гузоришгарони ин пажуҳиш беш аз ҳама нигаронкунанда унвон карданд, ин аст, ки 75 дарсади ҳамаи қурбониёни қочоқи инсонро занон ташкил медиҳанд. Гузориш мешавад, ки занон дар иртикоби ҷароими марбут ба қочоқи инсон нақши умдае доранд, ҳарчанд шумори занони маҳкумшуда ба ҷурми қочоқи инсон дар сатҳи ҷаҳонӣ пойин будааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97