Мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошти аъзои гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар минтақаи Раштро тасдиқ кардаанд.
Бино ба иттилои радиои "Озодӣ" бо истинод ба як манбаи баландпояи умури дохила дар минтақа, боздошти ёрони Аҳмадов қонунӣ будааст ва онҳое боздошт шудаанд, ки хилофи қонун кор кардаанд.
Қаблан Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нируҳои оппозитсионии Тоҷикистон аз боздошти аъзои гуруҳаш изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки тайи чанд моҳи ахир 5 тан аз афроди ӯ боздошт шудаанд. Ахиран Раҳматулло Муъминов ва Абдуҳомид Шоҳиҷангов, ҳарду сокини Рашт боздошт шуда, ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Се моҳ пеш Қамариддин Ҳакимов, узви дигари гуруҳи 28 - нафараи Аҳмадовро додгоҳ ба муддати 25 сол ва аз ин пештар ду нафари дигар - Хайриддин Азизов ва Сулаймон Маҳмадоновро ба 11 ва 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Ба гуфтаи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ҳафтаи гузашта Ҷамолиддин Содиқов, узви дигари гуруҳаш аз омадани кормандони ОМОН ва амният ба манзилаш огоҳ шуда, фирор кард ва ҳоло маълум нест, ки дар куҷо ба сар мебарад. Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, ҳамаи онҳо асосан бо ҷурмҳое равонаи зиндон шудаанд, ки солҳои 90 - ум содир карда, аммо афв шудаанд.
Аммо мақомоти интизомӣ гуфтаанд, онҳо бо ҷиноятҳое маҳкум шуданд, ки тайи як соли ахир содир кардаанд.
Аъзои гуруҳи Аҳмадов мегӯянд, ҳамаи боздоштшудагон дар амалиёти зидди гуруҳҳои мусаллаҳи Аловуддин Давлатов ва Мулло Абдулло бо мақомоти ҳукуматӣ ҳамкорӣ ва кумак карда буданд. Ва ба қавли онҳо, соли 2011 президент ба водии Рашт омад ва дар деҳаи Қалъанак дар ҳузури вазирон ва мардум дасти Мирзохӯҷаро гирифта, гуфт, ки ӯ ва 28 ҳамроҳаш афв шудаанд. Ба қавли онҳо, пас аз ин Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба Душанбе даъват карда, раҳбарии як гуруҳи зудамали вазорати дифои Тоҷикистонро дар ихтиёраш гузоштанд, аммо ҳоло аъзои ин гуруҳ, таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтаанд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» вуҷуди ҳамчунин гуруҳро дар Вазорати дифоъ рад карда, гуфтааст, раёсати қушунҳои зудамал вуҷуд дорад, ки ҳайати раҳбариаш бояд хатмкардаи академия ва таҷрибадор бошад: "Агар дар ягон ҷузъу томи ин раёсат бошад, шояд, аммо ба ҳар сурат, мувофиқи низомнома оиди тартиби адои хизмати ҳарбӣ аслан шаҳрванд бояд ариза нависад ва мутобиқи талабот, аз ҷумла синну сол ва таҷриба ба кор даъват карда мешавад."
Дар ҳамин ҳол, Одил Олимов, собиқ муовини Мирзохӯҷа Аҳмадов бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки ҳар ҳафта як нафари гуруҳи Мирзохӯҷаро "шикор" мекунанд. Вай мегӯяд, аз ҳисоби боздошти собиқ размандаҳои гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки ҳамаашон дар системаи корҳои дохилӣ фаъолият кардаанд ва дар амалиёти алайҳи гуруҳҳои Мулло Абдулло ширкат намуданд, даҳҳо милисаҳои қатории Вазорати корҳои дохилӣ, соҳиби рутбаҳои баланди низомӣ шудаанд.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз собиқ фармондеҳони ИНОТ аст, ки чанд сол ба ин сӯ дар меҳвари таҳаввулоти Тоҷикистон қарор дорад. Ҳангоми амалиёт алайҳи нируҳои мусаллаҳ дар водии Рашт, ки аз моҳи августи соли 2010 то моҳи майи соли 2011 идома кард, боре алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ сангар гирифт, аммо чанде пас бо онҳо пайваст.
Моҳи сентябри соли 2010 баробари шурӯъи амалиёти густарда дар шарқи Тоҷикистон, мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар пинҳон кардани Мулло Абдуллоҳ, раҳбари гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, ки 28 афсару сарбозро кушта ба ҷой гузошт ва таъсиси макотиби террористӣ барои наврасон, айбдор карда буданд.
Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мутақоид кард, ки дар ин амалҳо даст надорад ва барои муқобила бо гуруҳҳои Аловуддин Давлатов, муллақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кумак мерасонад.Ва тавре Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, гуруҳи 28- нафараи вай дар амалиёти зидди Мулло Абдуллоҳ ширкати фаъол доштааст.