Салиби Сурх кумак мехоҳад

Хабари хуб 02.05.2013 16:07

Salibi surkh -01Намояндагони созмонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон аз оғози корзори якмоҳаи мавсум ба "Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар" дар Тоҷикистон дар моҳи май хабар доданд.

Ин корзор, ки зери шиори "Ҳамдарди дигарон бош" доир мешавад, як моҳ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон идома хоҳад дошт ва дар чаҳорчӯби он намоишгоҳи аксҳо ва марафон дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Раҳбарони намояндагии Федератсияи Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гуфтанд, ҳадаф аз ин корзор паҳн кардани андешаҳои инсондӯстӣ ва усули Ҷунбиши Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳ ба фаъолиятҳои ин созмон дар ҳавзаи омодагии изтирорӣ ва вокуниш ба ҳаводиси табиъӣ аст.

Дар ин корзори якмоҳаи намояндагиҳои созмонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ҷамъоварии сармоя барои кӯдакони маъюб низ дар назар будааст.

Дар нишасти хабарии рӯзи сешанбеи 30 апрел, масъулони ин ниҳодҳо гуфтанд, ки мушкили аслии фаъолиятҳои онҳо дар Тоҷикистон камбуди сармоя барои роҳандозии барномаҳо дар оянда аст.

Северин Шопоз, (Severine Chappaz) раиси намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зимни муаррифии барномаи корзори якмоҳаи ин ниҳодҳо гуфт, ки имсол ин иқдом ба 150-умин солгарди таъсиси ин кумита ва 20 солагии оғози фаъолияти он дар Тоҷикистон ихтисос ёфтааст.

Хонум Шопоза мегӯяд: "Агарчӣ ниҳоди мо дар солҳои ҷанги дохилӣ, яъне аз соли 1993 то аввалҳои солҳои 2000 бештар таваҷҷуҳро ба кумакҳо ба зарардидагони ҷанг ва паноҳандагон равона карда буд, ҳоло мо фаъолиятамонро барои аз миён бурдани оқибатҳои он ҷанг ва афзоиши огоҳӣ дар бораи ҳолатҳои изтирорӣ пеш мебарем."

Яке аз ин барномаҳо кумак ба афроде, ки дар натиҷаи бархӯрд бо минаҳо дар Тоҷикистон зарар дидаанд, будааст.

Хонум Шопоза мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир беш аз 840 мавриди бархӯрди сокинон бо минаҳо сабт шуда ва бар асари ин ҳодиса 365 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Масъулони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мегӯянд, дар натиҷаи фаъолиятҳои огоҳисозии сокинон тавассути ин ниҳодҳо ва Маркази минарӯбии Тоҷикистон дар соли ахир мавориди бархӯрд бо минаҳо дар Тоҷикистон мушоҳида нашуда ва дар соли 2012 танҳо 4 нафар аз сокинони ин кишвар бар асари бархӯрд бо мина захмӣ ва ду нафар кушта шудаанд.

Эрик Мишел Сейле, раиси намояндагии Федератсиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон камбуди сармоя барои идомаи иҷрои барномаҳо дар ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа аз мушкилоти кунунии ин федератсиюн унвон кард.

Ҷаноби Мишел гуфт: "Ҳоло таваҷҷуҳи кишварҳои кумаккунанда бештар ба кишварҳое равона шудаанд, ки дар он даргириҳо ва танишҳо мавҷуданд. Аз ин рӯ ҷалби сармоя барои роҳандозии барномаҳо дар Осиёи Миёна, ки вазъияти ором доранд, мушкил шудааст. Ҳарчанд мо ҳануз ба идомаи фаъолият дар ин кишварҳо барои кумак ба мардум алоқаманд ҳастем."

Федератсиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон аз соли 1994 оғоз ба фаъъолият карда ва аз иҷрои барномаҳо дар чаҳор бахши умури изтирорӣ, беҳдошт, зербиноӣ ва башардӯстӣ ҳимояти молӣ мекунад.

Зафар Муҳаббатов, раиси созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муътақид аст, ки кишвараш ҳануз ба идомаи фаъолияти ин ниҳодҳо дар Тоҷикистон ниёз дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97