Хати худгард дар фурудгоҳи Душанбе роҳандозӣ шуд

Хабари хуб 01.05.2013 18:20

khati khudgard

Рӯзи 30 апрел дар фурудгоҳи Душанбе хати худгарди системаи сабти номи мусофирон роҳандозӣ шуд.

Тавре пештар хабар дода будем, нимаи дуюми соли 2012 системаи нави сабти номи мусофирон мутобиқи талаботи Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) насб карда шуд. Системаи нави сабти ном аз ду таҷҳизоти пуриқтидори Рапискан ва тасмаҳои худгард иборат буда, тамоми раванди амалиёт худкор (автоматӣ) аст.

Бағоҷи мусофир аз нуктаи «А» то нуктаи «Б» тариқи дастгоҳҳои назоратӣ мавриди таҳқиқ ва санҷиш қарор гирифта, ҳаракат мекунад. Дар сурати пайдо гардидани шубҳа бағоҷ ба таҷҳизоти назоратии қавӣ меравад ва ҳангоми зери шубҳа қарор гирифтани бағоҷ таҷҳизоти назоратӣ бағоҷро ба мавзеи назорати дастӣ интиқол медиҳад ва бағоҷи шубҳанок дар ҳузури соҳиби бағоҷ, намояндагони фурудгоҳ ва корманди хадамоти гумрук аз назар гузаронида мешавад.

Барои назорат ва роҳандозӣ намудани системаи мазкур, ки хело мураккаб аст,  ҷониби ширкати Рапискан ба кормандони фурудгоҳ ва гумрукчиён курсҳои омӯзишӣ ташкил кардааст.

Дар ин рӯз дар ҳузури намояндагони ҳамаи сохторҳои қудратии дар фурудгоҳ амалкунанда хати худгард роҳандозӣ карда шуд. Намояндагони хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, ШКД назди фурудгоҳ ва сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт раванди кори системаи навро назорат намуданд.

Бо роҳандозӣ шудани хати худгард ва назорати автоматӣ мушкили мусофирон ва кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳ хело осон гардида, амнияти парвозҳо таъмин карда мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97