Нахустин парвози ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии flydubai ба пойтахти Тоҷикистон

Хабари хуб 30.04.2013 21:22

FlaydubayРаиси кули flydubai Шайх Хайт ал Хайт рӯзи 30 апрел дар ҷараёни конфронси матбуотӣ гуфт, ки: «Имрӯз барои flydubai рӯзи бошараф аст, чунки мо ба 33-юмин давлати шабакаи худ парвоз намудем. Мо шодем, ки фаъолияти худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ густариш медиҳем ва шодем, ки flydubai аввалин ширкати ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб аст, ки фаъолияташро дар Душанбе оғоз намуд. Итминони комил дорем, ки ин боиси вусъатёбии муносибатҳои дутарафа мегардад».

Субҳи 1 май, Ал Хайт, пеш аз бозгашт ба Аморати Дубай, аввалин ҳавопаймои flydubai-ро (хатсайри FZ 777) дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз мегирад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари оғози фаъолият дар Тоҷикистон, flydubai дорои боз як ҳавопаймои нави Воеinq аз ширкати Сиэтл гашт. Бо вуруди ин 737-800-нав пойгоҳи ҳавопаймоии умумии ширкати, flydubai ба 29 адад ҳавопаймо расид.

Парвозҳо ба Душанбе ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа суръат мегиранд. Хатсайри FZ 777 аз Терминали 2-и Дубай ба самти Душанбе соати 22.05 парвоз намуда, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе соати 02.30 фуруд меоянд. Ба самти Дубай ҳавопаймо аз Душанбе соати 04.50 рӯзҳои чоршанбе ва шанбе парвоз намуда, дар фурудгоҳи Дубай соати 07.30 менишинад.

Нархи билет ба ду самт 545 доллари ИМА –ро ташкил медиҳад. Мусофирон метавонанд то 20 кг бағоч ва то 7 кг бори дастиро бо худ бигиранд. Дар дохили ҳавопаймо мусофирон метавонанд аз хидматрасониҳои иловагӣ ва нӯшобаҳои гуногун истифода бурда, аз молҳои дюти-фри харидорӣ намоянд.

Билетҳоро ба ин хатсайр метавон дар сомонаи flydubai (www. Flydubai.com), инчунин ба воситаи муроҷиат ба Хадамоти хидматрасонӣ ба муштариёни ширкат +971 42 31 10 00), марказҳои туристии flydubai ва ё ба шарикони сайёҳии ширкат харидорӣ намуд. Дар Тоҷикистон чунин фармоишро бо телефонҳои (+992 44) 610 01 23640 0808 додан мумкин аст. Маълумоти иловагӣ ва дигар ҷузъиётро дар сомонаи www. Flydubai.com пайдо кардан мумкин аст.

 Ноилаи Абдулфаттоҳ

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97