Дар авҷи баҳсҳо оиди ҳуввияти гумонбарони таркишҳои Бостон - бародарони чечен Тсарнавевҳо, баъзе сиёсатмадорони маъруфи амрикоӣ Ҷумҳурии Чехро мавриди ҳадафи танқидҳои худ қарор доданд.
Дар посух ба таркишҳои ахири террористии Бостон собиқ номзади президентии Амрико Сара Пейлин даъват кард, ки ба хоки Ҷумҳурии Чех ниру ворид шавад. Дар як суҳбат бо Fox News собиқ волии Аляска гуфт, ки муфаттишон бояд ҳоло таҳқиқоти бомбгузориҳои марафони Бостонро хулоса кунанд, вале, ба гуфтаи ӯ, "мусаллам аст, ки дигар фурсати амал фаро расид".
Зимни суҳбат роҷеъ ба гумонбарони таркишҳои ахири Бостон бародарони чечен Темурлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо, Сара Пейлин гуфт, "мо дар бораи онҳо ҳанӯз ҳама чизро намедонем, вале ҳаминашро медонем, ки онҳо мусалмон ва аз Ҷумҳурии Чех мебошанд". Вай гуфт, бовар дорад, андешаҳои ӯро амрикоиҳои зиёд пуштибонӣ мекунанд ва фурсати он расидааст, ки ин мардумро бояд "дарс дод". Дар идомаи сӯҳбаташ Пейлин Исломободро як пойтахти кишвари арабӣ ва Русияро як бахши Ҷумҳурии Чех номид. Муҷриҳои барномаи Fox News ҳарчанд талош карданд ба ӯ шарҳ диҳанд, ки ӯ боз ба иштибоҳҳои ҷуғрофӣ роҳ медиҳад, ба назар мерасид, ин хонуме, ки соли 2008 даъвои президенти Амрико шуданро дошт, ба донишҳои худ боварии комил дошт. Муҷрии барнома гуфт, пеш аз он ки ба хоки Ҷумҳурии Чех, як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ҳуҷум кунем, "бояд як занге ба маликаи Бритониё Екатеринаи 2 ҳам занем ва пурсем, ки ба ин даъватҳо ҳамроҳ мешавад?".
Сара Пейлин дар гузашта ҳам бо чунин изҳороти шармандавораш набуди донишҳои кофии сиёсиву ҷуғрофиёиашро намоиш дода, Сеулро пойтахти Кореяи Шимолӣ номидааст.
Вале мақомоти Ҷумҳурии Чех ин ва дигар иштибоҳҳои ҳамсонро хеле ҷиддӣ гирифтанд. Раҳбари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Чех дар Амрико Петр Гандалович маҷбур шуд, ки дар сайти интернетии сафорат изҳороте пахш кунад ва таъкид кунад, ки "Ҷумҳурии Чех ба ҳеҷ ваҷҳ Чеченистон нест". Вай навишт, ки ин ду макон аз ҳам комилан тафовут доранд ва Ҷумҳурии Чех як бахши Аврупо ва Чеченистон як бахши Русия маҳсуб мешавад. Ба таъкиди сафир, ӯ маҷбур шуд, ки чунин изҳоротро баъди баррасиҳои зиёди мавзӯи ҳуввияти гумонбарони таркишҳои Бостон дар шабакаҳои иҷтимоии мисли Твиттер пахш кунад. Сафир таъкид кард, ки аз навиштаҷоти иштибоҳҳои баъзе корбарони интернет ҳайратзада шуд ва маҷбур аст ҳоло таъкид кунад, ки Ҷумҳурии Чех як муттафиқи фаъол ва қобили эътимоди Амрико дар маъракаи мубориза зидди террор аст.
Дар гузашта санҷишҳои донишҳои ҷуғрофиёии мактаббачаҳои амрикоӣ ба начандон баланд будани сатҳи иттилои онҳо дар бораи кишварҳои дунё ишора кардаанд. Як назарсанҷии Ҷамъияти миллии ҷуғрофиёӣ - созмони байналмилалии таҳқиқотӣ дар соли 2006 собит кард, ки 62 дар сади амрикоиҳо дар харитаи ҷаҳонӣ макони ҷойгиршавии Ироқ, 75 дар сад дар нишон додани Исроил ва 47 дар сад дар пайдо кардани Ҳинд мушкил доранд. Донишҳои нокофии ҷуғрофиёии амрикоиҳо инчунин дар мавриди пайдо кардани шаҳру иёлоти қаламрави Амрико ҳам собит шудааст. Ин пурсиш нишон додааст, ки нисфи амрикоиҳо макони ҷойгиршавии Миссисиппиро намедонанд. Дар натиҷа, сиёсатмадорон ва ҳам мақомоти баландпояи ин кишвар, назири Ҷорҷ Буш, Барак Обама ва ё Ҷон Маккейн дар изҳороти худ дар ҳолатҳои мухталиф ба иштибоҳҳои ҷуғрофиёӣ роҳ дода, мавриди интиқоди хабарнигорон қарор гирифтаанд.