18 апрели соли 2013. Душанбе. Донишҷӯёни кишвар, ки дар таҳияи тарҳҳои«МегаФорум» саҳим буданд, дар ширкати «МегаФон» коромӯзӣ хоҳанд кард.
«МегаФорум», ки тавассути ширкати «МегаФон» бо пуштибонии Вазорати маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буд, барои бори севум баргузор шуд. Дарин даврдонишҷӯён боядвазифае мушкил, вале хеле ҷолибро анҷом медоданд: тарроҳиивебгоҳе таҳти унвони «МегаДонишҷӯ», ки барои донишҷӯён, довталабон, падару модар ва устодон муфиду ҷолиб бошад.Дар таҳияитарҳҳоидаргоҳҳои (portal)-ҳои омӯзишӣ донишҷӯёни шаш муассисаи олии таҳсилӣ ширкат доштанд: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат.
Ширкаткунандагонтарҳҳои худро дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муъаррифӣ карданд. Дар ин мусобиқаи мушкил тими Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат пирӯзиро ба даст овард.Тими мазкур на танҳо тарҳи вебгоҳи донишҷӯёни донишкадаи худ, балки тамоми ҷумҳуриро муъаррифӣ кард.
Раиси ҳайъати мунсифаи «МегаФорум», мудири омили ширкати «МегаФон», Андрей Шишковский,гуфт: «Ҳамаи тарҳҳо дар сатҳи баланди ҳирфаӣ таҳия шуда буданд.Бинобар ин мотасмим гирифтем, ки ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи тимҳо, ба ононмизбонии веб (webhosting)-и ройгонро барои вебгоҳҳои омодакардаашон пешниҳод кунем. Ҳамин тариқ, баъид нест, ки дар ояндаи наздик мо кори ширкаткунандагонро на танҳозимнимуъаррифиҳохоҳемдид, балки ҳамчунин шоҳиди иҷрои онҳо хоҳем шуд. Ба ғайр аз ин, ҳамаи ширкаткунандагон имкон доранд дар ширкати мо ба коромӯзӣ машғул ва ба маҳзи фароғат аз таҳсил барояшон кор фароҳам хоҳад шуд».
Ба тимҳое, ки ҷойҳои 4, 5 ва 6-ро касб карданд, 1000 Мб трофики ройгони интернетӣ ҳадя шуд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ барои касби ҷойи 3-ум, соҳиби SIM-кортҳои дороишумораҳои нуқрагӣ гардиданд. Ба донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, ки ҷойи 2-вумро касб карданд, мудемҳои 3G-и 21 Мб/с ва 3 000 Мб трофики ройгониинтернетӣ ҳадя шуд. Бароиҷойи аввал– Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ҷадидтарин телефунҳои ҳушманд эҳдо гардид.
Муъовини вазири маъорифи ҶТ Бозорали Одинаев аз ҷумла гуфт: «Аз рӯйи сатҳи омодашавии муъаррифии донишҷӯён, метавон гуфт, ки донишҷӯён нисбати ин қабил чорабиниҳо мароқи бузург зоҳир мекунанд. Донишҷӯёни муъосир ҳаҷми бузурги иттилоъотро асосан аз тариқи интернет ба даст меоранд, бинобар ин, банда мутмаиннам, китарҳҳои омодакардаииштирокчиёни «МегаФорум» ҳатман дар амал татбиқ карда шуда, таҷрибае, ки донишҷӯён ҳангоми коромӯзӣ дар «МегаФон» ба даст меоранд, барои онҳо фоидаовар хоҳад буд.»