Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳоротҳои ахири Владимир Жириновский ва Дмитрий Рогозинро як маъракаи густардаи сиёсии зидди Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ рӯзи 24-уми апрел дар як нишасти матуботӣ дар Душанбе дар робита бо изҳороти шадидулаҳни сиёсатмадорони рус изҳори назар кард. Ӯ аз ҷумла изҳорот ва амалкарди ахири ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ва раиси ҳизби ЛДПР Владимир Жириновскийро шарҳ дода таъкид кард, ки ин «маъракаи густардаи иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсии дигар дорад.»
Ин сухангӯ афзуд, ки дар ин буҳрони ҳангомасозӣ, рӯзи 23 апрел дар барномаи "Специалный корреспондент»-и шабакаи телевизионии Русия намоиши навбатӣ таҳти унвони «Шайтан-поезд», ки ба мавзуи вазъи қаторҳои Душанбе-Маскав бахшида шуда буд, пахш гардид. Ба қавли ҷаноби Атоев, маҳз пас аз ин намоиши телевизионӣ, ки ширкатдорони он намояндагони Думаи Русия, сиёсатмадорону коршиносон буданд, масъалаи муҳоҷирони кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гуфтаи ӯ, «зарур ба таъкид аст, ки дар Русия 13 миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои мухталиф фаъолият доранд, аммо ширкатдорони ин намоиши телевизионӣ таваҷҷӯҳи худро фақат ба муҳоҷирони кории тоҷик равона карданд.» Абулфайз Атоев гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин маъракаи ғаразнокро маҳкум мекунад, чун ин "амалҳои номатлуб", ба гуфтаи ӯ, метавонад муносибаҳои дӯстонаи Русияву Тоҷикистонро хадчадор созад.