Президент аз ходимони милиса хост, ки Маликаву Сабинаро зудтар пайдо кунанд.
Зимни ширкат дар маросими тақдими манзили зист барои ходимони сохторҳои интизомӣ ба зудтар ошкор шудани ҷинояти марбут ба нопадидшавии ноболиғон даъват кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони мақомоти сохторҳои интизомӣ аз ҳодисаи нопадидшавии духтарҳои хурдсол - Малика ва Сабина Араловаҳо ёдовар шуда, аз роҳбарият ва кормандони мақомоти масъул талаб намуд, ки барои ҳарчи зудтар ошкор намудани ин ва дигар ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои судбахш амалӣ намоянд. Ин даъват зимни тақдими манзили нави зист барои кормандони сохторҳои интизомии Тоҷикистон дар Душанбе садо дод.
Соате пеш аз ин дар як изҳороти намояндаи ВКД Тоҷикистон хабар дода шуд, ки мақомот ҷустуҷӯи Малика ва Сабина Араловаро аз рӯи парванди "Одамрабоӣ" шуруъ кардааст.
Ҷумъахон Каримов, муовини сардори шуъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки парвандаи ҷустуҷӯи Араловаҳо ба моддаи "одамрабоӣ" табдил шудааст.
Ӯ мегӯяд: "Ҳоло хабарҳои оперативӣ дорем оид ба он ки Сабинаю Малика эҳтимолан дар куҷоянд ва онро таҳқиқу тафтиш карда истодаем ва умедворам рӯзҳои наздиктарин духтарони гумшуда пайдо карда мешаванд". Ба иттилои ин манбаъ, сабти дастгоҳҳои видеоие, ки дар маҳалли нопадидшавии ноболиғон - фурӯшгоҳи "Садбарг" дар хиёбони Айнӣ таҳқиқ шудаанд, нишон додаанд, ки нуболиғон барои харидани ширинӣ аз маҳалли зисти худ дур шуда баъдан эҳтимолан туъмаи дасти одамрабоёни мошинсавор шудаанд.
Маликаи чаҳорунимсола рӯзи 25-уми март аз назди хонаашон дар шаҳри Душанбе ғайб заданд ва ҷустуҷӯи онҳо то кунун натиҷае надодааст. Ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилӣ волидони ғамзадаи ҳарду тифлро ба ҳузур пазируфта ва ваъда додааст, ки барои пайдо кардани нишони кӯдакон ҳама чораро хоҳанд ҷуст. Вазорат аз ҷумла барои хабари арзишманде, ки барои пайдо кардани кӯдакон кӯмак кунад, подоши молӣ ваъда кардааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд таҷҳизоти техникии замонавие, ки аз ҷониби намояндагони Бюрои федералии тафтишот (FBI)-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин ниҳоди кишвар тақдим шудааст, бешубҳа дар кофтукови ноболиғони беномунишоншуда Малика ва Сабина Араловаҳо мусоидат хоҳад кард. Намояндагони Бюрои федералии тафтишот "фаъолона ба ҷустуҷӯи Малика ва Сабина пайваст шудааанд". Мутахассисони ин ниҳод ҳамроҳ бо гуруҳи махсуси ВКХ, ки дар ҷустӯҷӯи ду ноболиғи нопадидшуда сафарбар шудаанд, ҳамкорӣ доранд ва машваратҳои муҳим медиҳанд.
Инчунин қарор аст, дар зудтарин фурсат FBI таҷҳизоти махсуси криминалистиро, ки дар самти муайян намудани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта истифода бурда мешаванд, аз Амрико дастрас хоҳад кард.