Путин ва Каримов; ошноии дерин ҳамкориҳои нав

Хабари хуб 22.04.2013 14:46

Putin va karimovРаиси ҷумҳурии Узбакистон гуфтааст, хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон дар соли оянда мумкин аст ба бурузи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ва ташаннуҷи вазъи минтақа дар кулл боис шавад.

Ислом Каримов, ки рӯзи 15 апрел, дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дидор дошт, гуфтааст: "Тавозуни нируҳо дар минтақа дар ҳоли дигаргунӣ аст ва ин тағйирот ба самти беҳбудӣ нест. Аз ин лиҳоз, мо зуд-зуд дидор карда ва масоили марбут ба хатароти терроризм ва бунёдгаройии мазҳабиро баррасӣ кунем. Табиъист, ки ҳеч касе ҷуръати эъломи ҷанг бо мо намекунад. Аммо хатароти терроризм ва бунёдгаройӣ аз ҷанги мустақим бадтар аст."

Бино ба иттилоъи расонаҳои Русия, И. Каримов ҳамчунин масоили обу энержӣ дар минтақаро матраҳ карда, аммо аз вокуниши В. Путин ба ин масоил иттилоъе пахш нашудааст.

Зимнан, дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Қирғизистон дар тирамоҳи соли гузашта дар заминаи сармоягузории Русия дар бунёди ниругоҳи "Қамбарота-1" ва ниругоҳҳои дигар дар рӯдхонаи Норини Қирғизистон санади ҳуқуқӣ имзо шуда буд.

Ӯзбакистон аз он нигарон аст, ки бунёди ниругоҳи бузург дар рӯдхонаи фаромарзӣ дар танзими тақсими манобеъи оби минтақа ва вазъи муҳити зист асари номатлуб хоҳад гузошт.

Дар мулоқоти Путин ва Каримов мавзуъи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории узбак дар Русия матраҳ шудааст. Тибқи иттилоъи расмии Русия, феълан дар Русия ҳудуди 3 миллион шаҳрванди Узбакистон фаъолият карда ва дар соли гузашта ин афрод ба кишвари худ ба миқдори 6 миллиард доллар пул интиқол додаанд.

Ин дар ҳолест, бархе аз сиёсатмадорони Русия, бо шумули Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири ин кишвар мукарраран мавзуъи ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ кардаанд.

Дар ҷараёни дидори Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон аз Русия миёни ин ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, илму фанн, сармоягузорӣ ва ҷилавгирӣ аз мавориди пулшӯйӣ 4 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

P.S. Пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Русия дар соли 2000 сафари нахустини Владимир Путин ба Узбакистон анҷом шуда буд. Аз он замон коршиносон ба муштаракоти аъмол ва хислатҳои руасои ҷумҳурии Русия ва Узбакистон таъкид мекунанд.

Дар замони раёсати ҷумҳурии Путин миёни Русия ва Узбакистон дар заминаи ҳамкории стротегӣ санади ҳуқуқӣ имзо шуда буд. Вале дар пайи хуруҷи Узбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ин санад аҳамияти худро аз даст додааст.

Ҳамчунин, Ислом Каримов ба пешниҳоди Владимир Путин дар бораи таъсиси Иттиҳодияи Авруосиё мухолифат кардааст.

Ба гуфтаи Камолиддин Раббимов, коршиноси масоили сиёсии муқими Порис, мумкин аст ин гомҳои Узбакистон Президент Путинро аз Ислом Каримов дилсард кунад.

К. Раббимов гуфтааст: "Бо ин ҳама миёни Путин ва Каримов умумиятҳое ба чашм мехӯранд. И. Каримов раҳбари нируманд ва худхоҳро эҳтиром мекунад. Путин низ аз Ислом Каримов бисёр чизҳоро омӯхта ва агарчӣ ба шахсияти ӯ эҳтиром надорад, аммо ба тарзи идораи Каримов эҳтиром қоил аст."

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97