Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ шоми рўзи ҷумъаи 19-уми апрели соли 2013 аз сўи афроди номаълум дар даромадгоҳи манзили истиқоматиаш мавриди ҳамла қарор гирифт.
Раҳматуллои Раҷаб, мудири шуъбаи кадрҳо ва интихоботи ҲНИТ аввалин касе, ки баъди 10 дақиқаи ҳамла ба ҷои ҳодиса расидааст, мегўяд, ки Маҳмадалии Ҳаит хуни зиёде аз худ талаф додааст. Ва бо кумаки ҳамсояҳояш аввал ба манзилаш бурда шуда ва сипас тавассути ёрии таъҷилӣ ба бемористони Қарияи боло мунтақил гаштааст.
Ҳоло вазъи ў сангин, вале пойдор арзёбӣ мешавад.
Нируҳои зиёди пулис, амният ва додситонӣ атрофи сохтмони панҷуми Қарияи боло ҳузур доранд ва саргарми бозрасии ин қазия мебошанд.
Маҳмадалии Ҳаит дабири кулли созмони мардумии «Растохез», танҳо ташаккули сиёсӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар замони пойбарҷоии Иттиҳоди Шўравӣ хостори истиқлоли миллии Тоҷикистон шуда буд.
Бо касби истиқлоли Тоҷикистон ва шуруъи ҷанги дохилӣ дар кишвар ва қатъи фаъолияти ҷунбиши мардумии Растохез, ки ҳадафи ниҳоии он истиқлоли Тоҷикистон буд, Маҳмадалии Ҳаит ба ҷамъи Ҳаракати исломии Тоҷикистон пайваст ва баъди чанде ба симати муовини раиси ҲНИТ пазируфта шуд.
Дар ду интихоботи гузашта ў ба унвони шахси севум дар феҳрасти ҲНИТ ҷой дошт. Аммо баъди он ки Ҳимматзода истеъфои хешро аз парлумон эълом кард, ба ҳеч ваҷҳе Маҷлиси намояндагон нахост ваколати Маҳмадалии Ҳаитро тасдиқ кунад.
Тахминан соати 19.40 дақиқаи шоми ҷумъа замоне ки Маҳмадалии Ҳаит мехост вориди манзили иқстиқоматии хеш, воқеъ дар маҳаллаи 91-и пойтахт, пушти ҳайкали Абуалӣ ибни Сино гардад, аз пушт ба ў ҳамла сурат гирифтааст.