Иҷрои талаботи СҶТ

Хабари хуб 19.04.2013 15:58

SJTИҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди озодсозиҳои хидматрасониҳои нақлиётӣ.

Дар пайи давраи омӯзишие, ки ду ҳафта қабл барои соҳаи мухобироти Тоҷикистон баргузор гардид, Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) як чунин давраи мушобеҳи дигарро барои раҳбарони доираҳои соҳибкории соҳаи нақлиёти кишвар ва коршиносони ин соҳа доир мекунад.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ширкатҳои нақлиётӣ, иттиҳодҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа имрӯз ва фардо ҷамъ меоянд, то низоми тиҷорати хидматрасониҳои нақлиётӣ дар чаҳорчӯбаи СТҶ, ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, таъсири узвияти кишвар дар СТҶ ба соҳаи нақлиёт, роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва посух ба чолишҳоро баррасӣ намоянд. Давраи омӯзишӣ бо унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СТҶ ӯҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи хидматрасониҳои нақлиётӣ» рӯзҳои 19 ва 20-уми апрели соли равон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Малколм Маккинон, мушовири байнулмилалии МБТ, иштирокдорони давраи омӯзиширо бо мӯҳтавои умумии қоидаҳои асосии СТҶ дар мавриди хидматрасониҳои нақлиётӣ шинос хоҳад кард. Ӯ шарҳ хоҳад дод, ки чӣ гуна озодсозӣ (либерализатсия)-и соҳаи нақлиёт ва рақобатпазирии он, бо иловаи ислоҳот дар хидматрасониҳои логистикӣ, манфиатҳое, махсусан тавассути хидматрасониҳои муассиртар ва фанновариҳои замонавитар дар пай хоҳад дошт. Ҷаноби Маккиннон мегӯяд, «Мо ба хубӣ аз нигарониҳое дар раванди озодсозӣ бо чораҳои ҷоришуда ва пайомадҳои он огаҳ ҳастем. Бо такя ба таҷрибаи кишварҳои дигари узви СТҶ, мо талош хоҳем кард, то шарҳ бидиҳем, ки чигуна ислоҳотро бояд ба роҳ монд, то боз шудани дарҳои тиҷоратӣ пас аз узвият дар СТҶ ба манфиатҳои кишвар хидмат кунад».

Жан-Себастян Рур, мутахассиси аршади шӯъбаи сиёсати тиҷоратӣ дар Маркази байналмилалии тиҷорат, мегӯяд, “Бидуни шубҳа, узвият дар СТҶ ҳукуматро муваззаф мегардонад, то ислоҳоти дохилиро ба анҷом бирасонад. Тавре аз қоидаҳои пазируфтаи СТҶ бармеояд, ҳар як узви созмон муваззаф аст, ки ба аъзои дигари созмон дастрасии озод, шаффоф ва баробар ба ҳамаи анвоъи нақлиётро фароҳам созад. Ҳамчунин, пардохтҳои транзитӣ бояд дар чаҳорчӯбаи маҳдудиятҳои мантиқӣ ва бо назардошти хароҷоти хидматгузориҳо муайян шавад”.

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) як созмони байналмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дувуми марти соли равон узви комилҳуқуқи ин созмон гардид.

Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Барои маълумоти бештар:

Саидмӯъмин Камолов,

Раҳбари миллии барнома

Маркази байнулмилалии тиҷорат (СММ/СТҶ)

Teл: +992 372 2219870 ; +992 372 2232057

Имейл: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Торнигор: www.itctj.wordpress.com

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97