Вазири нақлиёт саросема шуд

Хабари хуб 18.04.2013 15:50

hakimovВазорати нақлиёти Тоҷикистон барои мушаххас кардани вазъи қаторҳо аз нигоҳи беҳдоштӣ, экологӣ ва техникӣ, як гуруҳи корӣ таъсис дод.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел ба "Озодӣ" гуфтааст, ки пас аз изҳороти мақомдорони Русия дар мавриди ҷавобгӯ набудани вагонҳои қатори Тоҷикистон ба талаботи беҳдоштӣ ва экологӣ, вазорати нақлиёт бо ҳамкорӣ бо идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дод.Вазифаи ин гуруҳ, мавриди тафтиш қарор додани тамоми вагонҳои мусофиркаш ва борбар аст, ки равонаи Русия мебошад. Ба гуфтаи вазир, агар вагонҳое, ки аз нигоҳи техникӣ хароб мебошанд ва ё ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, дубора таъмиру тармим хоҳанд шуд ва мувофиқ ба меъёри байналмилалӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар гуруҳи корӣ мутахассисони ботаҷриба сафарбар шуданд, ки дар рӯзҳои наздик хулосаи худро ба Вазорати нақлиёт пешниҳод хоҳанд кард.

Дар ҳоле мақомоти тоҷик ба саросемагӣ ба вазъи вагонҳои худ расидагӣ мехоҳанд кунанд, ки Хадамоти беҳдошти Русия сеяки вагонҳои қатори Душанбе-Маскавро ғайри қобили истифода эълон кардааст.

Мақомоти Русия пас аз тафтиши қатори рақами 330-и ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон истифодаи сеяки вагонҳои онро манъ карданд. Сухангӯи Хадамоти беҳдоштии Русия, Любов Воропаева ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ин вагонҳо бино бар нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ қобили истифода нестанд ва истифодаи онҳо барои интиқоли мусофирон манъ аст. Дар ҳамин ҳол раиси “Роспотребнадзор”, Геннадий Онишенко, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки раҳбари қатор дар бораи манъи истифодаи панҷ вагон дастур гирифтааст, зеро, ба гуфтаи Онишенко, онҳо ба одитарин талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд. Нозирони Роспотребнадзор кори “вагон-тарабхона”-ро ҳам манъ кардаанд. Ба ин тартиб, маълум нест, мусофирон дар тӯли чаҳор шабонарӯзи сафар аз Маскав то Душанбе дар куҷо ғизо хоҳанд хӯрд.

Аз ин пеш Геннадий Онишенко гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон қудрати таъмини оддитарин талаботи мусофиркашониро надорад ва ин барои Русия хатар дорад. “Мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб хоҳем кард, ки барои таъмини шароити беҳдоштӣ чора андешад, дар акси ҳол дар чаҳорчӯби ваколатҳои худ истифодаи ин қатор дар қаламрави Русияро манъ хоҳем кард. Ин маънои қатъи ҳаракати қаторро хоҳад дошт”, изҳор намуд Геннадий Онишенко.

Мавзуъи вазъи қатори хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе баъд аз он доғ шуд, ки рӯзи якшанбе як ҳайати ҳукуматӣ таҳти раёсати муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин дар шаҳри Астрахан аз қатори хатсайри Душанбе-Маскав дидан кард ва вазъи беҳдоштии онро ғайри қобили қабул хонд. Дар нишасти сайёри комиссиюни давлатии марзӣ пешниҳод шуд, ки дар марзи миёни Русияву Қазоқистон ба хотири тафтиши қаторҳое, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, гузаргоҳи нав бунёд шавад. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97