Гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Степашин бар сари қаторҳои тоҷик

Хабари хуб 17.04.2013 20:45

S.Stepashin va E.RahmonovРаиси Палатаи ҳисоби Русия гуфтааст, ҳеҷ яке аз мақомоти Русия хостори қатъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон нест.

Ин нуктаро Сергей Степашин, раиси Палатаи ҳисоби Русия, рӯзи сешанбе пас аз  мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе баён дошт.

Сергей Степашин аз ҷумла гуфт: «Азбаски дар васоити ахбори умум масъалаи ҳаракати қаторҳо инъикос шуда истодааст, дар ин масъала низ бо президент суҳбат доштем. Ман пешниҳод кардам, ки ноиби сарвазири Русия Владимир Рогозин ба Тоҷикистон ояд ва дар ҳамин ҷо масъала баррасӣ карда шавад. Зеро ин ба масъалаи беҳдоштӣ, тартибу низом ва экология дахл дорад, аммо дар Русия ҳеҷ мақоме мухолифи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба Русия намебошад.»

Дар мулоқоти раиси Палатаи ҳисоби Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, натиҷаи аудити муштараки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои президент гузориш дода шуд. Сергей Степашин якҷо бо раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд. Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар ин дидор ҷонибҳо, ҳамчунин, густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзои Афғонистонро мавриди баҳс қарор додаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97