Швейтсария ба Бадахшон кумак кард

Хабари хуб 15.04.2013 15:06

SHvetsaryҲукумати Швейтсария тавассути ширкати «Помир Энержӣ» маблағи иловагии грантиро дар ҳаҷми 1,8 миллион доллари амрикоӣ барои кумакпулӣ ва барномаи ҳисобкунии истеъмоли қувваи барқ дар вилояти Бадахшон ҷудо кард.

Он тавассути созишномаи ҷудонгона барои ширкати «Помир Энержӣ» таъсис шуда, ҳадафи он ба итмом расонидани барномаи ҷории ҳисобкунии истифодабарии қувваи барқ мебошад, ки дар натиҷаи он 15 ҳазор ҳисобкунакҳои нави электронӣ харида ва насб хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои ширкати «Помир Энержӣ» маблағгузории мазкур на танҳо барои сокинони Бадахшон, балки барои тамоми кишвар хеле муҳим аст ва ин усули кумакрасониро ба шахсони ниёзманд метавон дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ ҷорӣ намуд.

Гуфта мешавад, маблағи грантии нав, ки қисман тавассути суратҳисоби нави фонди эътимодноки Бонки ҷаҳонӣ маъмур шудааст то охири соли 2014 идома хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки “Помир Энержи» дар нақша дорад, насбкунии ҳисобкунакҳои нави электрониро то охири моҳи ноябри соли 2013 анҷом бидиҳад, то ҳарчи зудтар тарзи нави кумакрасонӣ ба ашхоси, ҳақиқатан, ниёзмандро ҷорӣ намояд.

Зимнан, Тоҷикистон нақшаи реструктуризатсияи молиявии ширкати «Помир Энержи»-ро писандидааст, ва баъд аз соли 2014 ширкати мазкур аз ҳисоби маблағҳои худӣ, инчунин, аз ҳисоби маблағҳои дар суратҳисоби махсус мавҷудбуда кумакпулиҳои заруриро то охири муҳлати консессионӣ маблағгузорӣ менамояд.

Ин реструктуризатсия ба шарофати пуштибонии Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи муваффақона амалӣ намудани нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ пиёда гардидааст.

Ширкати «Помир Энержӣ» соли 2002 аз ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар доираи нахустин Лоиҳаи хусусии энержии Помир бо ҳадафи барқарор кардани таъминоти барқ дар ВМКБ бо роҳи азнавсозии ниругоҳҳои барқӣ-обӣ ва шабакаҳои тақсимкунандаи барқӣ таъсис ёфт.

«Помир Энержӣ» натиҷаи маблағгузориҳои якҷоя, ки аз он 70 фоиз ба Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЭД) ва 30 фоиз Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (МФК) тааллуқ дорад, мебошад.

Дар моҳи майи соли 2002 Тоҷикистон ба ширкат ба муҳлати 25 сол консессия пешниҳод намуд, ки он барои ширкат сохтори ҳуқуқӣ, меъёрӣ, техникӣ, истифодабарӣ, экологӣ ва молиявӣ, аз ҷумла, феҳристи тарифҳоро муайян намуд.

Дигар қисматҳои Лоиҳаи хусусии энержии Помир аз тарафи АКФЭД, МФК, Ҳукумати Шветсария ва инчунин, аз ҳисоби қарзи Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шуданд.

Арзиши умумии лоиҳа 26,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва Швейтсария барои хароҷоти ҳифзи иҷтимоӣ маблағи грантӣ ба андозаи 5 миллион доллари ИМА-ро ҷудо кард.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97