10 апрели соли 2013 – Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКДН), Тоҷикистон барои ҳукумат, намояндагиҳои дипломатӣ ва донорҳо ба нишони эҳтиром баҳри ҷонибдорӣ карданашон аз татбиқи ташаббусҳои барномавии мухталифи маҳаллию минтақавӣ зиёфат орост.
Зиёфат ҳар сол дар анҷоми семинаре, ки аз ҷониби АКДН доир мегардад, ороста мешавад. Семинари дурӯзае, ки дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор шуд, роҳбарони сохторҳои АКДН-ро гирди ҳам овард, ки аз Канада, ИМА, Авурпо, Тоҷикистон ва Афғонистон барои баррасии масоили суботи минтақа ва масъалаҳои дигари барномавӣ ҷамъ омада буданд. Мавзуъи асосии семинари мазкур масъалаҳои марбут ба қонеъ намудани талаботи дар ҳоли таюдилшави аҳолиест, ки мавриди хидматрасонии муассисаҳои АКДН қарор гирифтаанд, муайян ва кам кардани норасоиҳо, беҳтар сохтани фарогирии барномавӣ, беҳбудии самаранокии фаъолияти бахшҳо буда, билохира, боиси фароҳам омадани шароити мусоид баҳри беҳтар гардидани васоити мавҷудият ва сифати зист хоҳад шуд.
Дар зиёфат ашхоси масъули ҳукумат, аъзои намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла сафирони Шоҳигари Муттаҳида, Фаронса, Олмон, ИМА, Ҷопон, Ирон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва намояндагиҳои донорҳо, аз ҷумла JICA (Агентии байналхалқии Ҷопон оид ба ҳамкорӣ), KFW (Бонки рушди Олмон), USAID (Агентии оид ба ҳамкории байналхалқии Амрико), инчунин роҳбарони сохторҳои АКДН, аз ҷумла хонум Нурҷаҳан Маванӣ, Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Сафири Олмон хонум Дорис Хертрарф зимни суханронии хеш оид ба ҳамкории қавӣ ва шарикии Олмон бо АКДН дар Тоҷикистон қайд намуда, чанд барномаро номбар кард, ки аз ҷониби PATRIP (Фонди Барномаи интегратсияи минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон), Вазорати корҳои хориҷии Олмон, инчунин Созмони Олмон оид ба рушд ва KFW (Бонки рушди Олмон) маблағгузорӣ мешаванд.
Ин зиёфат ба АКДН ва роҳбарони он имконият фароҳам овард то гирдиҳам омада, ба Ҳукумат ва ҷомеаи донорҳо сипосгузории хешро изҳор намоянд, инчунин, барои идомаи муошират бобати суботи минтақа ва ҳамкории байнимарзӣ мусоидат намояд.
Ҷаноби Акбар Алӣ Песнанӣ, Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон зимни пазироии меҳмонон муҳтавои семинари дурӯзаро, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, қайд намуда, аҳамияти ҳамкориҳои байнимарзии Тоҷикистону Афғонистонро бобати афзоиши иқтисодӣ, рушди соҳибкорию тиҷорат иброз дошт.
Ҷаноби Песнанӣ дар суханронии хеш вазифаҳои асосии АКДН-ро дар Тоҷикистон низ шарҳ дода, чунин гуфт: «АКДН эътироф мекунад, ки талошҳои он баҳри беҳбудии ҳаёт ва мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодии тамоми мардуи Тоҷикистон, сарфи назар аз ҷои истиқомат, бидуни ҷонибдории беандозаи Ҳукумат, донорҳо ва шарикони мо, ки имрӯз дар ин ҷо ҷамъ омадаанд, имконнопазир мебуд».
Зимнан, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКДН)-ин гуруҳи ожонсиҳои хусусӣ оид ба рушд аст, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити зист ва имконот дар манотиқи ҷудогонаи ҷаҳони рӯ ба тараққӣ фаъолият дорад.Салоҳияти сохторҳоиАКДН кори соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, кишоварзӣ ва мусоидат ба соҳибкории хусусиро дар бар мегирад. Тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳанг се самти асосии фаъолияти АКДН ба шумор мераванд.