Мурофиаи додгоҳӣ миёни шаҳрдории Душанбе ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба таъхир гузошта шуд.
Қарор буд Додгоҳи пойтахт нахустин мурофиаи додгоҳии баҳси Муҳиддин Кабирӣ бо шаҳрдории Душанберо рӯзи 10-уми апрел баргузор мекард, аммо бо назардошти вуҷуди печидагиҳо дар парванда, он ба таъхир гузошта шуд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ ба "Озодӣ" гуфтааст, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе бо назардошти ин, ки ин нахустин парвандае дар ин масъала буда ва бисёр печида мебошад, мурофиаро ба таърихи 15 апрел вогузор кард.
Бузургмеҳр Ёров афзудааст, ки дар додгоҳ намояндагони шаҳрдорӣ низ ҳузур доштанд ва додрас эълон кард, ки ҳамчунин баҳсе, ки миёни Ҳукумати шаҳр ва вакили МН, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бархоста, дар гузаштаи додгоҳои Тоҷикистон собиқа надоштааст ва аз ин рӯ бидуни тавзеҳи бештар, мурофиа ба вақти дигар вогузор шуд.
Қаблан парвандаи мазкур дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуд, ки тибқи қарори ин додгоҳ, Муҳиддин Кабирӣ бояд аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд. Мувофиқи қарори додгоҳ, раҳбари ҲНИТ бояд аз тариқи васоити ахбори умуми кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд. Илова ба ин, додгоҳи Исмоили Сомонӣ талаби ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ дар хусуси пардохти 20 млн сомонӣ ҷарима барои таҳқири вакили парлумонро бекор кард.