Шоир Гулрухсорро меҷӯед? Пас ба сомонаи ӯ сар бизанед!

Хабари хуб 11.04.2013 15:48

Sayti GulrukhsorДар фазои интернет низ баҳор расид. Сафҳаи Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик дар ин фазо бо суроғаи www.gulruksor.tj рӯнамоӣ кард. 

Гулрухсори Сафӣ зимни суҳбат бо хабарнигори «Миллат» гуфт, ки худи ӯ бо чанд тане аз шогирдону ҳаводорони шеъраш барои боз кардани ин сафҳа талош кардаанд.

Шоир дар ин сомона ҳолнома, шеърҳо, аксу ёддоштҳо ва дигар асарҳои худро гузоштааст.. Китобҳои Гулрухсор бо номи «Шуъла дар санг», «Рӯзнома-1-чопи Москва», «Ҷовидона 2008», «Занони сабзбаҳор», «Девон 2004», «Зан ва ҷанг», «Сакарот» онҷо дарҷ ёфтаанд. Дар сомонаи худ бону Гулрухсор инчунин дар бораи ҳаёт ва зиндагии Умар Хайём    андешаҳояшро ҷойгир кардааст.

Дӯстдорони шеъри Гулрухсор метавонанд ба воситаи ин сомона бо ӯ ба таври мустақим дар тамос шаванд.Акнун доираи васеъи истифода барандагони интернет, ки мехоҳанд аз эҷодиёт ва  ашъори шоири маъруф бохабар шаванд, метавонанд аз ин сомона истифода бикунанд.

Ҳамчунин Гулрухсор гуфт, ки қаблан ҳам дар Бишкек сомонаеро бо номи ӯ боз карда буданд, аммо бо сабабҳои мухталиф ин сомона фаъол нашуд. Аммо акнун бону Гулрухсор қасд дорад, ки сомонаи нави худро тозаву тар ва ҳамеша ба рӯи шеърдӯстону соҳибназарон ва ҷавонон боз нигаҳ дорад.

Гулрухсор гуфт, ки акнун худам бевосита рӯи сомона кор хоҳам кард, то он пуртаровату рангин ва ҳамеша пур аз меҳмон бошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97