Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти хабарӣ дар Бруссел ба суоли хабарнигори радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки ҳанӯз дар мавриди ширкати худ дар интихоботи Раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли равон тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, "аммо ҳамчун президент, ки кафили амали конститутсия аст, кафолат медиҳам, ки интихоботи дар пеш истодаи соли 2013 дар Тоҷикистон шаффоф ва озоду демократӣ гузаронида мешавад."
Президент ин нуктаро дар нишасти хабарии муштарак бо раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дар Бруссел баён доштааст.
Дар муқаддимаи нишасти хабарӣ Мартин Шултс гуфтааст, ки тарафҳо дар қатори чандин масъалаи муҳим омодагиҳои Тоҷикистонро ба интихоботи президентии соли 2013 низ баррасӣ кардаанд: "Мо дар суҳбатҳои худ ҳамчунин ба масъалаи интихоботи моҳи ноябр дахл кардем. Изҳори умедворӣ кардем, ки ин интихобот ростин ва одилона хоҳад буд. Мо таъкид кардем, ки риояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон хеле муҳим аст."
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар ин нишаст аз мизони ҳамкориҳои кишвар ва Иттиҳоди Аврупо ситоиш карда афзудааст: "Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои он дар бахши такомули равандҳои ислоҳоти демократӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, дар соҳаҳои гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятӣ қайд кард."
Раиси порлумони Аврупо Мартин Шултс ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки равобити ду тараф дар солҳои оянда густариш пайдо хоҳад кард.
Дар дидори президенти Тоҷикистон ва дабири кулли НАТО низ ҳамкориҳои дуҷониба бо назардошти хуруҷи нируҳои байнулмилал аз Афғонистон то поёни соли 2014 баррасӣ гардидаанд.