Пайванди Гулмуродзода, устоди факултаи рӯзноманигории ДМТ, узви анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» шаби 7 апрели соли 2013 дар сини 56 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ аз олам даргузашт.
Пайванди Гулмуродзода то дами маргаш дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дарс мегуфт ва ба таҳқиқи илми рӯзноманигорӣ машғул буд.
Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба дунё омада, соли 1973 баъд аз хатми мактаби тоҷикии ба номи Айнӣ, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳии давлатии Тоҷикистон шомил шуд ва соли 1978 онро бо тахассуси рӯзноманигор хатм намуд.
Ӯ фаъолияти худро дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррир оғоз кард, ва аз соли 1980 ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Пайванди Гулмуродзода, солҳои 1986-89 дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккули публитсистикаи шӯравии тоҷик» ҳимоя кард.
Аз соли 1992 то соли 1996 дар вазифаи муовини декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 ба ҳайси декан дар ҳамин факулта кор кардааст.
Соли 1997 нашрияи таълимии факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии «Қалам» ва баҳори ҳамон сол фаслномаи илмӣ-адабӣ ва фарҳангии «Гули мурод»-ро таъсис дод.
Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи адабиёт ва публитсистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик буд. Ӯ ба масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошт.
Бо таваҷҷуҳ бо он, ки устод Гулмуродзода ба таҳқиқи масъалаҳои маорифипарварӣ сару кор дошт, андешаҳояш маорифпарварона буд ва ин ғоя дар навиштаҳояш низ мақоми вижа касб карда буд.
Ӯ дар ин авохир дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ва пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти вазорати фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа мекард.
Маросими ҷанозаи Пайванди Гулмуродзода, рӯзи 8-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ҷасади ӯ дар оромгоҳи маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.
P.S. Идораи нашрияи «Миллат» ва Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» бо камоли андуҳ аз марги нобаҳангоми узви фаъоли Анҷуман ба бозмондагони устод сабри ҷамил хоҳон ҳастанд. Худованд тариқати раҳмат кунад устодро.