Кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Хабари хуб 06.04.2013 15:28

bonki jahoniБа гуфтаи Марша Олив, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар миёни кишварҳои Урупо ва Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи тағйири иқлим осебпазиртарин кишвар маҳсуб мешавад.

Ӯ гуфтааст, ҳаводиси зиёди табиъӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рух медиҳад, ба талафоти ҷонӣ ва хисороти ҳангуфти иқтисодӣ меанҷомад.

Хонуми Олив ибрози умедворӣ кардааст, ки ин тарҳ дар рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ва таъмини амнияти ғизоии ин кишвар мусоиъдат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, бо таваҷҷӯҳ ба он ки 64 дарсади ҷамъияти қобили кори Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ин тарҳи кумаки молӣ 126 ҳазор тан аз сокинони минтақаҳои рустоиро фаро хоҳад гирифт.

Тоҷикистон 18-умин кишварест, ки дар Барномаи таҷрибавии мутобиқат ба тағйироти иқлим ширкат мекунад. Ин барнома аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдиду тавсеъаи Урупо ва Бонки осиёии тавсеъа сармоягузорӣ шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97