Кремл: Номаи Березовский ба Путин нашр нахоҳад шуд

Хабари хуб 05.04.2013 15:00

BerezovskiСергей Иванов, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия гуфтааст, номаи Борис Боризовский ба Владимир Путин воқеъан вуҷуд дорад, аммо нашр нахоҳад шуд.

Иванов афзуд: "Ман онро (номаро) надидаам, нахондаам, аммо сад дарсад медонам, ки он вуҷуд дорад. Ин нома чанд моҳ пеш тавассути фарде ба Русия оварда шуд... Дмитрий Сергеевич Песков (сухангӯи президент) дар ҳамон оғози мавзуъ гуфта буд, ки мо номаҳои шахсиро нашр намекунем."

Ҷасади Борис Березовский, сармоядори 67-солаи рус 23 марти соли 2013 дар манзили ӯ дар маҳалле ба номи Аскот дар устони Беркшойо, ҳамҷавор бо Ландан пайдо шуд.

Пас аз марги ин сармоядор Дмитрий Песков, сухангӯи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Русия муддаъӣ шуд, ки  Березовский номае ба Путин фиристода, ки дар он "изҳори пушайимони кардааст, ки муртакиби иштибоҳоти зиёде шуда ва аз Путин ба хотири ин иштибоҳот пӯзиш хоста ва хоҳиш кардааст барояш имкони баргашт ба ватанро диҳад."

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97