Донишҷӯёни макотиби олӣ барои худ сомона тарҳрезӣ мекунанд

Хабари хуб 03.04.2013 22:20

mergaForumШиркати «МегаФон» ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди беҳтарини сомонаи «Мега Донишҷӯ» озмун эълон кардаанд.

Мувофиқи шартҳои озмун донишҷӯёне, ки аз рӯйи ихтисоси «Информатика ва барномасозӣ» таҳсил мекунанд, бояд сомонаеро тарҳрезӣ кунанд, ки он барои ҷамъи донишҷӯён манфиатовар ва ҷолиб бошад. Дар озмун донишҷӯёни 6 мактаби олии кишвар иштирок хоҳанд кард: Донишгоҳ имиллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи славянӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. Корҳои анҷомёфта аз рӯйи меъёрҳо: дизайн, ҷолибият (интерактивность), маълумотнокӣ, маҳорати муаррифӣ, техникаи иҷроиш баҳогузорӣ мешаванд. Ба ҳайати ҳакамон намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, ширкати «МегаФон», ҳамчунин мутахассисони пешбари соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дохил хоҳанд шуд.

Муаррифии лоиҳаҳо 18 апрел дар доираилоиҳаи «МегаФорум», ки аз ҷониби ширкати «МегаФон» тӯли се сол аст баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97