Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон-2013 гардид.
Футболбозони дастаи “Равшан” дар бозӣ барои ҷоми Олии Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 15 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Ҳарду голро мизбонон дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд. Ҳамлагар Саламон Течи, легионери африқоии “Равшан”, дар дақиқаи 19-ум ҳисобро боз кард. Голи дувуми мизбононро легионери дигари африқоӣ Тико дар дақиқаи 44-ум ба ҳадаф расонд.
Дар замони изофӣ (90+4) Сардорбек Эминов, легионери “Регар-ТадАЗ” аз Узбакистон, тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид кард ва ҳисобро тағйир дод.
Дар таърихи футболи тоҷик Ҷоми олии Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир шуд. Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб омада буд.
Дастаи «Регар-ТадАЗ» барои севумин бор аст, ки дар Ҷоми олӣ ширкат кард ва ноком гардид. Дар ду бозии пешин футболбозони шаҳри Турсунзода аз дастаи “Истиқлол” шикаст хӯрда буданд. Аммо дастаи «Равшан», ки барои аввалин бор дар ин мусобиқа иштирок намуд, муваффақ гашт ва Ҷоми олиро ба даст овард.