Улуғбек Аралов: «То ҳол аз духтарам на пай асту на дарак»

Хабари хуб 29.03.2013 12:35

kudakoni gumshudaУлуғбек Аралов, падари яке аз ду тифли гумшуда дар пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ҳеч сари нахе дар пайи ҷустуҷӯи гумгаштаҳо ба даст наомадааст.

Ӯ ба хабарнигори «Миллат» гуфт, ки як чанд нафар ба мо хабарҳое расонидаанд, ки гӯё тифлаконро дар куҷое дидаанд, аммо тамоми ин хабарҳо сиҳат надоштаанд. Аммо падари тифли гумгашта мегӯяд, ҳанӯз барои пайдо кардани тифлакаш умедашро аз даст надодааст ва чашм ба роҳи хушхабарест, ки фарзандаш сиҳату саломат пайдо мешавад.

Улуғбек Аралов гуфт, ки шуғлаш устои коимпутер аст ва бародарашҳам, ки яке аз ду тифли гумгашта фарзанди ӯст, бекор аст, аз ин рӯ ӯбар ин аст, ки гум шудани ду тифли бегуноҳ наметавонад дар пайи тамаъҷӯӣ аз онҳо сурат гирифта бошад.

Дар ҳамин ҳол Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад, ки Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи таъсиси гурӯҳи вижаи ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ду тифл;Малика Аралова ва Сабина Аралова фармоиши махсус додаст.Қазияи мазкур таҳти назорати қатъии Рамазон Раҳимов қарор дорад.

Зимнан, рӯзи 26-уми март сайти расмии ВКД хабар дод, ки ба Шуъбаи корҳои дохила дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Тимур Аралов, сокини кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1, ҳуҷраи 53 муроҷиат карда, аз бедарак гум шудани ду тифли ноболиғ хабар додаст. Тимур Аралов гуфтааст, рӯзи 25-уми март, тақрибан, соати 16-00 духтари хурдсолаш Малика Аралова, соли таваллудаш 2007, ҳамроҳи духтарчаи бародараш - Сабина Аралова, соли таваллудаш 2008, аз хона барои бозӣ берун рафта, бедарак гум шудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97