«Кафшшикор» дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Хабари хуб 28.03.2013 18:33

KaplukДонишҷӯйдухтарони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дигар ҳаққ надоранд, ки бо кафшҳои пошнапаст ва аз ҳад баланд вориди донишгоҳ шаванд.

Ин амр бо дастури раиси ин донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов сурат гирифтааст.

Ин аст, ки субҳи имрӯз аксарияти донишҷӯйдухтароне, ки аз ин дастури раиси донишгоҳ бехабар буданд ва бо пойафзолҳои пошнапаст ба дарс омаданд, иҷозаи вуруд ба донишгоҳро пайдо накарданд ва ночор ба хонаҳояшон баргаштанд.

Раҷабмоҳ Қосимова, раиси Шӯрои занони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфтааст, фармони мазкур аз ҷониби ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф дар бораи сару либоси ягона, бароварда шудааст.

Вай афзуд, «Аз ин, ки мо омӯзгор тайёр мекунем, мехоҳем донишҷӯёни мо ҳамавақт зебову намунаи дигарон бошанд. Ҳоло духтарон пойафзолҳои «макасинки» мепӯшанд. Якум ин ки ин намуди зоҳирии ҳамон духтарро дар ҳақиқат безеб мекунад. Барои ҳамин мо талаб кардем, ки пошнаи пойафзолашон ду-се сантиметр баландтар бошад. Чунки ҳам қаду қоматро хушрӯ нишон медиҳад, ҳам шахс ба худ як боварӣ пайдо менамояд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир пӯшидани пойафзолҳои пошнапаст ба монанди «макасинка» ва «тангем» муд шудааст ва бештари духтарон ба чунин пойафзолҳо бартарӣ медиҳанд.

Аммо Донишгоҳи омӯзгорӣ баъди таътили Наврузӣ, на танҳо барои донишҷӯйдухтарон, балки барои донишҷӯйписарон низ «сюрприз» омода кард. Писароне ҳам ки сару либосашон ба қавли мақомот барои як донишҷӯ «мувофиқ» набуд, аз дарвозаи донишгоҳ берун карда шуданд.

Донишгоҳи омӯзгорӣ яке аз таълимгоҳҳоест, ки риояи қоидаҳои донишҷӯӣ аз ҷумла пӯшидани либоси расмиро ҷиддӣ талаб карда, муҳассилини он ҳамеша бо мақомот дар ин масъала мушкил доранд. Вале манъи пойафзоли пошнапаст дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, таҷрибаи бесобиқа ва ғайриинтизор аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97