Қувватовро шайхҳои араб пинҳон карда будаанд

Хабари хуб 27.03.2013 20:59

uvvatov bi vakilashУмаралӣ Қувватов, раҳбари «Гуруҳи 24» рӯзи 27 март бо нашри як паёми садоӣ аз худ дарак дода ва гуфтааст, ӯро ин ҳама муддат мақомоти Имороти Араб ба хотири ҳифозати ӯ аз таҳдидҳо ва ҳатто хатари суъиқасд ба ҷонаш пинҳон карда будаанд.

Қувватов дар ин паём гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон натавонистанд ба истирдоди ӯ но-ил шаванд: «Сипос ба шайхҳои араб, ки маро аз ин ҳама ҳимоят карданд ва нагузоштанд, ки душманони сиёсии ман аз ин вазъ истифода кунанд.»

Пайвандони Қувватов қаблан гуфта буданд, ки ӯ тақрибан аз 15 март нопадид шудааст. Ба дунбол, мақомоти Душанбе ва ҳам Интерпол ҳадсу гумонҳо дар бораи истирдоди Қувватов ба Тоҷикистонро радд карда гуфтанд, ки ӯ то ҳол дар Имороти Муттаҳидаи араб дар боздошт боқӣ мемонад. Умаралӣ Қувватов рӯзи 23 декабр дар Дубай дастгир шуд. Ӯро дар Тоҷикистон ба фиребкорӣ айбдор мекунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97